Август 20, 2023 11:18 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Роҳи муқобила ба душманони инқилоби исломӣ истодагӣ ва муқовимат аст
    Раҳбари муаззами инқилоб: Роҳи муқобила ба душманони инқилоби исломӣ истодагӣ ва муқовимат аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори аъзои ситоди кангреи миллӣ бузургдошти 3400 шаҳиди устони Ардабили Эрон дар роҳи муқобила ба душмани иқилоби исломиро истодагӣ ва муқовимат унвон карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбари ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор ки 13 август баргузор шуд бо ишора ба нақшае, ки муҷоҳидати шуҳадо дар гушудани гиреҳҳо ва бартараф кардани мавонеъ ба вижа дар 8 соли дифоъи муқаддас дошт таъкид карданд: Роҳи муқобила бо ҷанги шинохти, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ҷабҳаи душмани инқилоби исломӣ, истимрори роҳи шуҳадо ва амал ба дарси онҳо яъне муҷоҳидат, истодагӣ ва муқовимат аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳифз ва тасбити роҳи шуҳадо ва интиқли сираи амалии онҳо ба насли ҷавонро вазифаи муҳим хонданду афзуданд: Мо бо шуҳадои муъосир будем ва ҷиҳоду исор ва шаҳодат дар гиреҳкушоиҳо ва исодаги онҳо дар муқобили қудратҳо дидем аммо насли ҷавон ин мавзуъро бо вузуҳ ва бидоҳати ки мо мутаваҷеҳ шудем намебинанд бино бар ин ҳар яке аз уламо, рушанфикрон, донишгоҳиён ва маносиби давлати бояд ба таносуби ҷойгоҳи худ нақшофарини кунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо истинод ба оятҳои Қуръон ба мақоми рафиъи шуҳадо ва ҷойгоҳи онҳо дар ҳарими рубувият ва баҳраманди аз ризқи холиси Илоҳи ишора карданду гуфтанд: Худованд ба хуни шуҳадо баракат медиҳад ва волотарин ва боризтарин намунаи он хуни ҳазрати имом Ҳусейн(а) аст, ки сабаб шуд ҳодисаи Карбало дар таърих зинда бимонад ва руз ба руз бар иштиғол ва ҳарорати ишқи ба он ҳазрат дар миёни мусалмонон ва ҳатто ғайримусалмонон афзуда шавад.

Барчасп