Сентябр 11, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Ташакури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз миллат ва давлати Ироқ бобати меҳмонавози аз зоирони Арбаъин
    Ташакури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз миллат ва давлати Ироқ бобати меҳмонавози аз зоирони Арбаъин

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҳазорон нафар аз марудми устонҳои Систон ва Балучистон ва Хуросони Ҷанубии Эрон аз миллат ва давлати Ироқ бобати меҳмонавози аз зоирони Арбаъини ҳусейнӣ ташакур карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи душанбе дар ин дидор гуфтанд: Ироқиҳо беш аз 22 миллион зоирро дар байни роҳи Наҷафу Карбало ё Козимайну Карбало дар тули чандин руз пазироӣ ва мизбони карданд ва дору надори худро гузоштанд ин воқеъан ҷои ташакур дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин аз масъулини ироқи ба вижа Ҳашдушаъби аз неруҳои интизомии Ироқ аз давлати Ироқ ва неруҳои интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам самимона ташакур карданду гуфтанд: Неруҳои интизомии Эрон дар ин қазоё рафтуомадҳо дар мар кор карданд шабу руз нашинохтанд инҳо хеле арзиш ва қимат дорад қадри ин неруҳои фадокор ва ҷавонони хуб дар бахшҳои мухталифро бояд донист.

Барчасп