Октябр 07, 2023 12:38 Asia/Dushanbe
  • Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умӯри байналмиллалӣ ҳамлаи террористии Сурияро маҳкум кард

Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умӯри байналмиллалӣ ҳамлаи террористӣ дар вилояти Ҳимси Сурияро маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиакбари Вилоятӣ-мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умӯри байналмиллалӣ ва дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ бо судури паёме афзуд: Ҳамлаи террористӣ дар ҷашни фориғуттаҳсилии донишҷӯёни афсарии донишгоҳи Ҳимс, ки ба шаҳиду захмӣ шудани наздик ба 400 нафар мунҷар шуд, иқдоми ҷинояткоронае аст, ки бори дигар чеҳраи зишту хашини тероризмро ба намоиш гузошт . Вилоятӣ тасреҳ кард амалиёти террористии паҳподӣ дар донишкадаи афсарии Ҳимс, ки аз марказҳои муҳими омӯзиши неруҳое аст, ки нақши муассире дар таъмини амният ва суботи ин кишвар ва мубориза бо гуруҳҳои террористӣ дошта ва доранд, парда аз ин воқеият канор мезанад, ки омирону омилони чунин ҷинояте, ки бархе бозигарони минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар пушти пардаи он қарор доранд, ҳамчунон ба дунболи ноамнсозии Сурия бо ҳадафи ғорат ва баҳрабардориҳои сиёсӣ,амниятӣ ва иқтисодии худ ҳастанд. Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии бедории исломӣ таъкид кардавлати Амрикову режими табаҳкори саҳюнистӣ ҷузъи авомили муҳаррик, тарроҳ ва бунёдини иқдоми ваҳшиёнаи амалиёти террористии паҳподӣ дар донишкадаи афсарии Ҳимс буда, ки бо абзори тероризми такфирй дар паи пешбурду таъмини манофеъи худ ҳастанд.
 

 

Барчасп