Октябр 10, 2023 17:58 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Туфони ҳафтуми октябр шикасти ғайри қобили тармими режим саҳюнистӣ аст
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Туфони ҳафтуми октябр шикасти ғайри қобили тармими режим саҳюнистӣ аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Шикасти режими саҳюнистӣ дар ҳамлаи Туфони алақсо аз абъоди низомӣ ва иттилооти як шикасти ғайриқобилии тармим ва зилзилаи вайронгар буд ки баъидаст режими ғосиб бо ҳамаи кумакҳои ғарбиҳо битавонад заработи амиқи ин ҳодиса ба созаҳои ҳокимиятии худро тармим кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондиҳи муаззами кули қувои Эрони рӯзи сешанбе дар маросими муштараки дониш омухтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ бо ишора ба шикасти ғайриқобилии тармими режими саҳюнистӣ дар ҳамосаи ахири ҷавонони фаластинӣ таъкӣд карданд: Омили эҷоди ин Туфони вайронгар зулму ҷиноят ва дарандаи хуйи мудовими режими ғосиби ҷаъли дар ҳақи миллат Фаластин будааст ва ин режим наметавонад бо дуруғгуӣ, мазлумнамоӣ, чеҳраи ҳаюлои девсирати худро дар ҳамла ба Ғазза ва қатлиоми мардуми он пинҳон кунад ва бо ёвагуӣ, шуҷоати ҷавонони фаластинӣ ва тарроҳии ҳушмандонаи онҳоро бар уҳдаи ғайрифаластиниҳо бигузорад.

  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкӣд бар инки режими саҳюнистӣ баъд аз рӯзи шанбе 7 октябр рӯзи ҳамосаи шуҷоъонаи ҷавонони фаластинӣ, дигар режими саҳюнистии қабли нест афзуданд: Омили ин балои бузурги амалкарди худ саҳюнист ҳоаст чаро ки вақте дарандахуӣ ва ваҳшигариро аз ҳад мегузаронид бояд мунтазир туфон бошед.
  • Эшон иқдоми шуҷоъона ва фидокоронаи муҷоҳидони фаластиниро посух ба ҷиноёти солҳои мутамодии ишғолгарон ва афзоиши он дар моҳҳои ахир баршумурданд ва афзуданд: Муқассири қазияи ахири давлати кунунии ҳоким бар режим ғосибаст, ки аз ҳеҷ иқдоми сабъонаи дар ҳақи миллати мазлуми Фаластин дареғ накард.
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба шарорат в хабосати режим ишғолгар гуфтанд: Ҳеҷ миллати мусулмонӣ дар таърихи муосир бо душманӣ ба беҳаёӣ ва бе раҳмии режими саҳюнистӣ мувоҷеҳи набуда ва ба андозаи ин миллат таҳти фишор ва муҳосира ва камбуд қарор нагирифтааст зимни инки Амрико ва Англис аз ҳеҷ давлати золимӣ ба андозаи давлати ҷаълӣ ҳимоят накарданд.

Эшон куштори зану мард ва кудаку куҳансоли фаластинӣ, ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо лагадкубкардани намозгузорон ва андохтан шаҳрак нишинҳои мусаллаҳ ба ҷони мардуми Фаластинро аз ҷумлаи ҷиноёти режими саҳюнистии хонданд ва афзуданд: Оё миллати ғаюр ва чанд ҳазорсолаи Фаластин дар муқобили ин ҳамаи зулму ҷиноят чорае ҷуз барпокарадни Туфон дошт? ҳазрати ояти аллоҳи Хоманаӣ бо ишора ба талоши режими хабис барои мазлумнамоӣ ва кумаки расонаҳои истикбории ҷаҳон барои илқоъи ин мавзу дар афкори умумии ҷаҳонён гуфтанд: Ин мазлумнамоӣ саддарсад хилофи воқеъ дуруғ аст ва ҳечкас наметавонад аз ин ҳаюлои девсират чеҳрае мазлум бисозад. Фармондиҳи кули қувои Эрон ҳамчунин дар оғози суханонаш дар маросими муштараки дониш омухтагмм донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии эмоми Алӣ(а) неруҳои мусаллаҳро дижи пулодини амният, иззату ҳувияти миллӣ баршумурд ва афзуданд: Амнияти миллӣ зерсохти ҳамаи нармафзорҳои муҳимми аст ки дар пешрафти кишвар нақш доранд ба гунае ки агар амният набошад ҳеҷ чиз нест.

Барчасп