Ноябр 04, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси Эрон: Амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» муодилоти назми ҷаҳониро ҷобаҷо кард+видео

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» муодилоти назми ҷаҳонӣ ва аносур ва авомили муҳосиботии онро ҷобаҷо кард.

Дар ҳамин росто ва ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар маросими гиромидошти 13 обон дар Теҳрон гуфт, Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳар коре бикунанд шароити пас аз амалиёти «Тӯфони Ал Ақсо» ба ҳолати аввали худ барнахоҳад гашт.

Вай таъкид кард, муқовимату гуруҳҳои муқовимат мавзӯи давлатӣ ва давлатмеҳвар нестанд ва балки амре баромада аз уммати исломӣ ва баромада аз имон ва барои мубориза бо зулму ҷиноят ва ситам ҳастанд ва мутмаинан таъми талхи шикастро ба ҷинояткорони Исроил хоҳанд чашонд.

Имрӯз (шанбе) сездаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2023) Рӯзи миллии "мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

44 соли пеш дар чунин рузе (сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ – 4 ноябри 1979) донишҷуёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои мутааддиди Амрико зидди Инқилоби исломии Эрон, лонаи ҷосусӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.

Барчасп