Март 07, 2024 18:44 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон: Умед бастан ба Амрико барои мамониъат аз наслкушӣ дар Ғазза хаёлпардозӣ аст

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар баёнияи поёнии нишасти изтирории худ дар Ҷадда, бо маҳкум кардани ҷиноёти Исроил дар Ғазза хостори таваққуфи комил ва беқайду шарти таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба ин борика шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён,вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нишаст бо баёни инки умед бастан ба Амрико барои мамониъат аз наслкушӣ дар Ғазза хаёлпардозӣ аст, гуфт: Идома ва шеваи ҷиноёти бесобиқаи режими саҳюнистӣ собит мекунад, ки ин режими ҷинояткор, барқасдона сиёсати нобудии «миллати Фаластин»-ро пайгирӣ мекунад.

 Вазирони хориҷаи кишварҳои Созмон ҳамкории исломӣ дар ин баёния ҳамчунин хостори иқдоми амалии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои фишор овардан ба режими саҳюнистӣ ҷиҳати таваққуфи ҳамалот ба Ғазза шуданд.

 Режими Исроил аз октябри 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи бохтарии рӯди Урдун зидди мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.

 Бар асоси охирин гузоришҳо дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза то кунун афзун бар 30 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва 70 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.

 

Барчасп