Апрел 03, 2024 09:18 Asia/Dushanbe
  • Паёми раиси Порлумони Лубнон ба Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи ҳамлаи террористӣ ба бахши консулии Эрон

Раиси Порлумони Лубнон дар паёмҳое ҷудогона ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, раисиҷумҳурӣ ва раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, ҳамлаи мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро маҳкӯм кард.

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ асри рӯзи душанбе бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор доданд.

Бар асари ин таҷовуз ҳафт нафар аз аъзои дипломатӣ ва неруҳои вобастаи низомии Эрон ба шаҳодат расиданд.

Раиси Порлумони Лубнон ҳамчунин дар паёми ҷудогонае ба Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳур ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон зимни маҳкӯмияти ҳамлаи мутаҷовизонаи режими саҳюнистӣ ба консулгарии Эрон дар Димишқ, шаҳодати теъдоде аз сардорону мусташорони низомии Эронро табрик ва таслият гуфт.

 

Барчасп