Апрел 13, 2024 11:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Амирабдуллоҳиён бар талоши Италия барои поёни ҷиноёти ҷангии режими Исроил зидди фаластиниён

Вазири умури хориҷаи Эрон бар зарурати талоши Италия барои поён додан ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди фаластиниён бавежа дар борикаи Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо Антонио Тайани-вазири умури хориҷаи Италия зимни маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, ба аҳамияти амнияти дарёнавардӣ аз ҷумла дар баҳри Сурх ишора кард ва гуфт: Аз Италия интизор дорем бо истифода аз фурсати раёсати худ бар гурӯҳи ҳафт, талош кунад наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангии режими Исроил дар Ғазза ва каронаи бохтарии рӯди Урдун дар ростои дастёбӣ ба амнияти фарогири минтақа фавран поён ёбад.

  Амирабдуллоҳиён дар идома бар омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои густариши ҳар чӣ бештари муносиботи ду кишвар таъкид кард ва ёдовар шуд, ки Эрон ҳамвора бахши мусбати таҳаввулоти минтақа буда ва барои субот ва амнияти пойдори минтақа хароҷоти зиёдеро мутаҳаммил шудааст.

Вазири умури хориҷаи Италия низ дар ин гуфтугӯ бо таъкид бар зарурати тавсеаи муносиботи дуҷониба ва ибрози умедворӣ барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳо, хештандории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро хостор шуд.

 Вай зимни маҳкумияти ҳамлаи террористии ин режим ба борикаи Ғазза таъкид кард, ки маконҳои дипломатӣ набояд мавриди таҷовуз қарор гиранд.

 Вазири умури хориҷаи Италия дар идома зимни ишора ба аҳамияти амнияти дарёнавардӣ дар баҳри Сурх, хотирнишон кард: Италия бо таваҷҷуҳ ба нақши мусбати Эрон дар коҳиши танишҳо, хостори тадовуми он дар масири барқарори сулҳи пойдор дар минтақа аст.

 

Барчасп