Апрел 19, 2024 18:14 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт: Режими Исроил бояд водор шавад аз такрори ҳар гуна моҷароҷӯии низомии бештар алайҳи манофеи Эрон даст бардорад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбеи 18 апрели 2024 ба вақти маҳаллӣ, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал гуфт: Дар сурати ҳар гуна истифодаи режими Исроил аз зӯру таарруз ба манофеи Эрон, Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар дифоъ аз ҳаққи зотии худ дар додани посухи онӣ, қотеъу қавӣ ба он ва пушаймон сохтани қатъиву комили ин режим, лаҳзае тардид нахоҳад кард ва ин тасмиме тағйирнопазир аст.

Амирабдуллоҳиён дар идома афзуд: Ҳамлаи мушакии аввали апрели режими террористии Исроил ба сохтмони Сафорати Эрон дар Димишқ нишон дод, ки ин режим ҳатто дар нақзи асли бунёдини масунияти афроду амокини дипломатӣ ва нодида ангоштани конвенсияҳои шинохташудаи Вена тардид намекунад.

Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин ёдовар шуд, ки Шӯрои амният ба хотири рафтори комилан ғайримасъулонаи Амрико, Британия ва Фаронса, дар вокуниш ба ин ҳамлаи мутлақан ғайриқонунӣ, аз судури як баёнияи маҳкумияти сирф ҳам оҷиз монд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома бо ишора ба таҳаввулоти борикаи Ғазза ва бо интиқод аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ аз наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза хотирнишон кард, ки бо вуҷуди тасвиби се қатънома ва як баёния дар бораи дархости таваққуфи фаврии ҷангу ирсоли ҳамаҷонибаи кумак ба мардуми Фаластин, режими Исроил бо ваҳшигарии тамом ба куштору тахриб идома дода, ки натиҷаи он шаҳодати беш аз 34 ҳазор ғайринизомии фаластинӣ аст, ки аксари онҳо занону кӯдакон ҳастанд.

 

Барчасп