Октябр 19, 2019 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: Суботи қадам дар ҳақ ба ислоҳи кишвар ва дунё меанҷомад

Дар арбаини шаҳодати сайиду солори шаҳидон, ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон мизбони ҳайатҳои донишҷӯӣ аз саросари Эрон буд ва донишҷӯёни азодор дар ҳузури Раҳбари муаззами инқилоб, ҳамнаво бо зоирони Карбало фарёди “лаббайк ё Ҳусайн” сар доданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим дар суханони кӯтоҳе бо ташаккур аз маросими азодории пуршӯру босафои ҷавонон, хитоб ба онон гуфтанд: “Сафову нуронияти шумо азизон бисёр муғтанам аст ва банда ҳамвора аз Худованди мутаол масъалат мекунам, ки мову шуморо ҳамвора дар масири мустақим собитқадам бидорад, зеро агар шумо дар масири ҳақ собитқадам бошед, кишвар ва дунё ислоҳ ва башарият аз манофеи он баҳраманд мешавад”.

Ҳамчунин ҳуҷҷатулислом Саъдӣ, суханрони ин маросим гуфтумони муқовимати миллати Эронро баргирифта аз муқовимати ҳусайнӣ (а) хонд ва афзуд, ҷараёни султа ва истикбор ба дунболи он аст, ки ба василаи минбарҳои пуршумори таблиғотии худ, ҷойи ҳаққ ва ботилро иваз кунад, аммо ҳамчунон, ки ҳазрати имом Саҷҷод ва ҳазрати Зайнаби Кубро (саломуллоҳ алайҳум) дар Кӯфа ва Шом бо суханони равшангари худ ҳукумати умавиро расво карданд, имрӯз низ бояд трибунҳои ҷараёни ҳақ ҳарфи Ислом ва инқилобро бо қудрат баён ва таблиғоти низоми султаро ифшо кунанд.

Дар ин маросим маддоҳон ва марсияхонони аҳли байт ба қироати зиёрати Арбаин ва зикри мусибату навҳа бар масоиби ҳазрати сайидушшуҳадо алайҳиссалом ва аҳли байти эшон пардохтанд ва дар поён, намози зӯҳр ва аср ба имомати Раҳбари инқилоби исломӣ иқома шуд.

 

Барчасп