Намояндаи Эрон дар Кумитаи севвуми Созмони Миллал: диктаторҳо аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд
(last modified Thu, 24 Oct 2019 05:59:53 GMT )
Октябр 24, 2019 10:59 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Эрон дар Кумитаи севвуми Созмони Миллал: диктаторҳо аз ҳуқуқи башар ҳарф мезананд

Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кумитаи севвуми маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид гузориши нави Ҷовид Раҳмон гузоришгари вижаи ин созмон алайҳи Эронро дар ростои сиёсати терроризми иқтисодии Амрико донист.

Ба нақл аз Садои Хуросон, Муҳаммад Ҳасанинажод рӯзи чаҳоршанбе дар Нишасти Кумитаи севвуми маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид, ки ба баррасии гузориши Ҷовид Раҳмон алайҳи Эрон ихтисос ёфт хотирнишон кард, масъалаи Эрон ҳеҷгоҳ ба хотири масоили ҳуқуқи башарӣ дар ин кумита матраҳ нашудааст.

Ҳасанинажод бо таъкид бар ин ки ин гузориш ва ин намоиши такрорӣ ҳеҷ иртиботе ба далелҳои ҳуқуқи башарӣ надорад хотир нишон кард, хашми истеъморгарон ва диктаторҳо алайҳи Эрон ба ин далел аст, ки онҳо бар хилофи гузашта дигар наметавонанд барои ояндаи эрониён тасмим бигиранд.

Намояндаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Кумитаи севвуми маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид афзуд, душманиҳо алайҳи мардуми Эрон танҳо ба далели истодагии Эрон дар баробари Амрико ва низ нажодпарастии исроилӣ ва ишғоли Фаластин аст.

Ҷовид Раҳмон рӯзи чаҳорашнбе дар навтарин гузориши худ бо интиқоди дубора аз иҷрои Қонуни исломии қасос ва эъдоми қочоқбарони маводи мухадир дар Эрон дар иддаое такрорӣ ба нақзи қонуни ҳуқуқи башар дар Эрон пардохт.

Гузоришгари вижаи Созмони Миллал дар умури ҳуқуқи башар дар Эрон бо тавассул ба манобеи ғайриқобили исбот ва дар ҳимояти аланӣ аз фишори ҳаддиаксарии Амрико ва таҳримҳо алайҳи Эрон ҳамчунин аз ба истилоҳ бархурд бо аъзои кампайни беҳиҷобӣ дар Эрон интиқод кард.

Барчасп