Январ 07, 2020 20:31 Asia/Dushanbe
  • Маросими бошукӯҳи ташйиъи пайкари шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш, видое ҳамроҳ бо паёмҳои ҷаҳонӣ

Маросими бошукӯҳи ҳамроҳӣ бо пайкарҳои шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, ноибраиси Нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ ва 4 нафар аз шуҳадои эронии ҷинояти ахири режими Амрико, дар чанд рӯзи гузашта дар шаҳрҳои Наҷаф ва Карбало дар Ироқ ва сипас дар Эрон, дар шаҳрҳои Аҳвоз, Машҳад ва Қум бо шукӯҳи камназире бо ҳузури миллионии ақшори мухталифи мардум баргузор шуд.

Пайкари шаҳиди сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ имрӯз (сешанбе) пас аз видоъ дар Кирмон - зодгоҳаш, ба хок супурда мешавад. Ин видои талх гарчӣ поёни як ҳаёти пурифтихор аст, аммо яқинан поёни мубориза ва муқовимат дар баробари истикбор нест.

Иқдоми террористии Амрико дар ба шаҳодат расонидани сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ рӯйдоде аст, ки дар давоми хусуматварзиҳои деринаи Амрико алайҳи Эрон қобили таҳлил ва баррасӣ аст.

Ин хусуматварзӣ дар чиҳилуяк соли гузашта бевақфа идома ёфтааст, аммо бо вуҷуди ҳамаи тавтеаҳо, ҳамгом бо истодагии миллати Эрон дар муқобили низоми султа, хезише инқилобӣ дар байни миллатҳои таҳти ситам оғоз шуд, ки Амрико ва режими ғосиби Фаластинро ба ваҳшат андохтааст.

Ин боландагӣ ва асаргузорӣ марҳуни талош ва ҷонфишонии шуҳадое ҳамчун сардор Сулаймонӣ будааст, ки бо пирӯзиҳои бузург дар майдони набард бо душманон сабаби тағйири муодилоти қудрат дар минтақа шудаанд.

Александр Князев, коршиноси сиёсии рус дар таҳлиле бо баррасии абъоди террори сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тавассути Амрико навишт: Ин ки ДИИШ дар утоқи фикри муассисаи “Ранд” –и Амрико эҷод шудааст, амре аст комилан возеҳ ва шинохташуда ва Қосими Сулаймонӣ садде дар баробари таҳаққуқи барномаҳои Вашингтон барои ғайриинсонӣ кардани фазои Ховари Миёна ва сипас густариши он ба дигар манотиқи ҳамҷавор ва саросари ҷаҳон буд.

Ин коршиноси сиёсӣ меафзояд, эътиқоде вуҷуд дорад, ки таърих дар мавриди ҳама кас ва ҳама чиз қазоват хоҳад кард, аммо сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар ҳақиқат дар замони зиндагии хеш ба шахсияти таърихӣ табдил шуд.

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки бо визаи расмӣ ва ба даъвати нахуствазири Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ҳадафи иқдоми террористӣ ва бо дастури мустақими раисҷумҳури Амрико қарор гирифт. Трамп бо ин ҳаракати террористӣ муртакиби хатои роҳбурдии бузурге шуд. Амрико дар ин иқдоми террористӣ истиқлол ва тамомияти арзӣ ва ҳуқуқи байналмилалро ошкоро зери по гузошт ва ба дунё нишон дод, ки қонуни Амрико қонуни ҷангал аст. Шояд сукути бархе кишварҳо ва Созмони Милал Амрикоро ба ин бовар расонда, ки ҳар коре бихоҳад анҷом медиҳад. Аммо дунё бояд бидонад, ки барои сулҳу амният бояд сукутро бишканад ва муқобили зӯргӯӣ ва якҷонибагароии Амрико биистад.

Мусаввабаи парлумони Ироқ дар рӯзи якшанбе (5 январ 2020) дар хусуси эъломи поёни ҳузури нерӯҳои низомии амрикоӣ дар Ироқ ва хурӯши пуртанини маҳкумиятҳо ва фарёди инзиҷор ва танаффур аз иқдоми террористии Амрико дар ин замина паёми равшане дорад. Шароити ҳоким бар минтақа акнун зудтар аз он чи Амрико ва муттаҳидонаш тасаввур кунанд, дар ҳоли дигаргунӣ аст ва раванди уфули қудрати Амрико оғоз шудааст.

Ноам Чомский, назарияпардози машҳури амрикоӣ рӯзи шанбе дар изҳороте дар Ню-Йорк, бо интиқод ба сиёсатҳои Вашингтон нисбат ба Эрон гуфт, назарсанҷиҳои марокизи муътабар нишон медиҳад, ки Амрико бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ аст.

Чомский афзуд: “Бесуботӣ мафҳуми ҷолибе дар гуфтумони сиёсӣ аст. Вақте Эрон барои дифоъ аз ҳамлаи ДИИШ ба давлати Ироқ ва Курдистони Ироқ кумак мекунад, ин иқдом “бесуботӣ” таъриф мешавад, аммо ҳангоме, ки Амрико ба Ироқ ҳамла мекунад ва садҳо ҳазор нафарро ба қатл мерасонад, миллионҳо нафарро овора, кишварро нобуд ва даргирии фирқаӣ оғоз мекунад, ки Ироқро таҷзия кунад ва кулли минтақаро баҳам мезанад, терроризмро дар саросари ҷаҳон густариш медиҳад, аз он ба унвони бахше аз рисолати Амрико барои “суботсозӣ” ёд мешавад, ки бояд ба нафъи ҷаҳон идома диҳем”.

Амрико бо иқдомоташ, густохона меъёрҳои байналмилалиро ба хотири режими Исроил ва ҳифзи манофеи ғайриқонуниаш дар Ғарби Осиё ба бозӣ гирифтааст.

Ин раванд амнияти минтақа ва ҷаҳонро бо хатари бузург мувоҷеҳ кардааст. Дар чунин вазъияте масъулияти ҳар иттифоқе бар ӯҳдаи Амрикост.