Руҳонӣ: Сиёсати пуросеби Трамп аз сӯи мардуми Амрико ҳам бо мухолифат рӯбарӯ шуд
(last modified Sun, 08 Nov 2020 14:00:59 GMT )
Ноябр 08, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Сиёсати пуросеби Трамп аз сӯи мардуми Амрико ҳам бо мухолифат рӯбарӯ шуд
    Руҳонӣ: Сиёсати пуросеби Трамп аз сӯи мардуми Амрико ҳам бо мухолифат рӯбарӯ шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба натиҷаи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико гуфт, сиёсати пуросеб ва нодурусти давлати Трамп, на танҳо тавассути мардуми саросари ҷаҳон, балки аз сӯи мардуми Амрико низ бо мухолифат рӯбарӯ шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон "Ҳасан Руҳонӣ"  рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат афзуд, акнун фурсате барои давлати ояндаи Амрико пеш омадааст, ки иштибоҳоти гузаштаро ҷуброн кунад ва бо эҳтиром ба қавоиди ҷаҳонӣ, ба масири пойбандӣ ба таъаҳҳудоти байналмилалӣ, бозгардад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон Руҳонӣ тасреҳ кард,  ҳамвора ба тааҳҳудоти худ дар сурати риояти масъулона аз сӯи ҳамаи тарафҳои таъаҳҳуд, пойбанд будааст ва таомули созанда бо ҷаҳонро роҳбурди худ медонад.

Раиси  Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар пирӯзии муқовимати миллати Эрон дар ҷанги иқтисодии таҳмил шуда тавассути давлати Амрико афзуд, мардуми Эрон бо муқовимати қаҳрамононаи худ дар баробари ҷанги таҳмилии иқтисодӣ, исбот карданд, ки сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико маҳкум ба шикаст аст.

Рӯҳонӣ таъкид кард, ки ҳоло вақти он расидааст, ки амният ва рушд дар минтақа дар сояи ҳамкориҳо ва ҳамоҳангии Эрон ва ҳамсоягонаш беҳтар карда шавад ва роҳи субот ва рушди иқтисодии кишвар бо ҳарчи бештар қувват ва суръат пеш равад.

Расонаҳои амрикоӣ аз ҷумлаи " Си Эн Эн" , " Факс нюз", " Си Би Эс" , Асошиэйтед Пресс " ва Ню-Йорк таймз " шомгоҳи шанбе ( ҳафтуми ноябр ) бо эъломи ин ки Ҷо Байден тавониста ба 290 раъйи электрол даст пайдо кунад, ӯро пирӯзи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико муаррифӣ карданд.

Бештар бихонед:

Барчасп