Май 23, 2021 15:59 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Арманистон: Шоеъаи боздошти 160 низомии Арманистон дар Эрон беасос аст
    Сафорати Эрон дар Арманистон: Шоеъаи боздошти 160 низомии Арманистон дар Эрон беасос аст

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Арманистон, дар такзиби иддаои бархе расонаҳо мабни бар боздошти 160 низомии арманистонӣ дар ҷанги Қарабоғ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ин иддаоро "овозаҳои беасос" хонд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арманистон, рӯзи якшанбе бо интишори баёнияҳои дар такзиби иддаои  бархе расонаҳо мабни бар боздошти 160 низомии арманистонӣ дар ҷанги Қарабоғ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, дар хоки Эрон ин иддаоҳоро «шоеъоти беасос» хонд. 

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арманистон, ҳамчунин эълом кард шоеъот дар бораи ин ки 160 низомии арманистонӣ ҳамакнун дар Эрон ҳастанду тарафи Эронӣ барои истирдоди онҳо пешшартҳое таъин кардааст, нодуруст ва беасос ҳастанд.

Бархе расонаҳои арманистонӣ, дируз ( шанбе ) гузоришҳое мунташир карданд мабнӣ бар ин ки ин 160 низомии арманистонӣ дар ҷанги 44 рӯза бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ вориди марзи Эрон шуда буданд ва Эрон  онҳоро боздошт кардааст. 

Ин иддаоҳо дар шароите матраҳ шудааст,  ки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамвора равобити хубе бо ҳамсоягони худ дорад ва дар ҷанги ахир бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар лузуми иҷтиноб аз ҷанг ва гуфтугӯ таъкид кардааст. 
  
  
  
  Бештар бихонед:

Барчасп