Июн 01, 2021 14:33 Asia/Dushanbe
  • Ин маросим фардо бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф баргузор мешавад
    Ин маросим фардо бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф баргузор мешавад

Вазир ва мудирони Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон таҷдиди байъат мекунанд.

Ба гузориши ИСНА, вазир ва мудирони Вазорати умури хориҷаи Эрон дар остонаи фаро расидани 14 хурдод (4 июн), бо ҳузур дар марқади Имом Хумайнӣ (раҳ), бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон таҷдиди байъат мекунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа ва мудирони Вазорати хориҷаи Эрон, дар остонаи фаро расидани 14 хурдодмоҳ, солрӯзи реҳлати Имом Хумайнӣ (раҳ) ба марқади бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон мераванд.

Ин маросим фардо (чаҳоршанбе), бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон баргузор мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп