Август 11, 2022 19:59 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ дар посух ба номаи Зиёд Аннахола: Душмани ғосиб ру ба заъф ва муқовимати Фаластин ру ба қувват аст
    Раҳбари инқилоби исломӣ дар посух ба номаи Зиёд Аннахола: Душмани ғосиб ру ба заъф ва муқовимати Фаластин ру ба қувват аст

Раҳбари муаззами инқилоб муқовимати шуҷоъонаи Ҷиҳоди Исломиро мувҷиби иртиқоъи ҷойгоҳи ин ҷунбиш дар муқовимат ва хунсо шудани найрангҳои режими саҳюнистӣ ва ба хок молидани бинии он донистанд ва хотирнишон карданд: Душмани ғосиб ру ба заъф ва муқовимати Фаластин ру ба қувват аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо матни посухи Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Бародари муҷоҳид ҷаноби оқои Зиёд Аннахола домат-тавфиқ

Салому алейкум

Номаи матин ва муждабахши ҷаноби олиро дарёфт кардам Худованд ба шумо подоши нек диҳад ва пирӯзии ниҳоии миллати сарбаланд ва мазлуми Фаластинро наздик фармояд.

Ҳодисаи ахир ифтихороти Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластинро музоъаф сохт ва ҷойгоҳи Ҷиҳоди исломиро дар ҳаракати муқовимати шукуҳманди миллати Фаластин иртиқоъ бахшид. Шумо бо муқовимати шуҷоъонаи худ, сиёсати найрангҳои режими ғосибро хунсо кардед. Шумо собит кардед, ки ҳар бахше аз маҷмуъаи муқовимат ба танҳоӣ ҳам метавонад бинии душманро ба хок бимолад. Шумо бо пайванд задани муҷоҳидат дар Ғаза бо Карона ва дигар нерӯҳои муқовимат бо ҳимоятҳояшон аз ҳаракати ҷиҳод тавонистед якпорчагии ҷиҳоди миллати Фаластинро ба рухи душмани хабис ва найрангбоз бикашед. Ҳамаи талоши гуруҳҳои фаластинӣ дар ҳамаи сарзамини Фаластин бояд барои ҳифзи ин якпорчагӣ бошад. Душмани ғосиб ру ба заъф аст ва муқовимати Фаластин ру ба қувват аст ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Мо ҳамчунон дар канори шумоем. Салому алекум вал уҳуд биҳолиҳо..

Сайид Алӣ Хоманӣ

20 мурдод 1401