Ноябр 02, 2022 17:26 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари инқилоб дар ҷамъи донишҷӯён
    Суханронии Раҳбари инқилоб дар ҷамъи донишҷӯён

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо ҷамъе аз донишомӯзон таъкид карданд: Сенздаҳи обон таҷассуми шарорат, зарба хӯрдан ва таҷассуми мағлуб шудани Амрико аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе), дар остонаи 13 обон - Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ ва Рӯзи Донишомӯз, дар дидор бо ҷамъе аз донишомӯзон фармуданд: Сенздаҳуми обон як рӯзи таърихӣ аст, ҳам таърихӣ аст, ҳам таҷрибаандӯз ва таҷрибаомӯз аст.

Эшон афзуданд: Сенздаҳуми обон таърихӣ аст, яъне ин ки дар ин рӯз ҳаводисе иттифоқ афтода, ки дар таърих монданӣ аст, ин ҳаводис фаромӯшшуданӣ нест, набояд ҳам фаромӯш бишавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Таҷрибаомӯз аст, чун ба хотири ҳамин ҳаводис як вокунишҳое ба вуҷуд омадааст, ки он вокунишҳо барои мо, барои ояндаи кишвар, барои ояндаи умри худатон, барои ояндаи миллататон дарс аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Касоне, ки хаёл мекунанд Амрико як қудрати дастнахӯрданӣ аст, ба ҳаводиси ин рӯз, ки нигоҳ кунем, маълум мешавад на, комилан осебпазир аст.

Машруҳи баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мутаоқибан ба шабака ирсол хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп