Ноябр 10, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон ҳамвора ишғоли сарзаминҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро маҳкум ва аз озодсозии он дар болотарин сутуҳ ҳимоят кардааст
    Теҳрон ҳамвора ишғоли сарзаминҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро маҳкум ва аз озодсозии он дар болотарин сутуҳ ҳимоят кардааст

Сухангӯи Вазоратии умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири Илҳом Алиев Раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон мабни бар ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Арманистон, сиёсати усулии Теҳронро бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ ва густариши равобит бо ҳама ҳамсоягон донист ва таъкид кард, тақвияти равобит бо ҳар як аз ҳамсоягон ба манзалаи равобит алайҳи ҳамсояи дигар нест.

Илҳом Алиев, Раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар суханоне, размоиши ахири иқтидори Эрон дар марзҳои Арманистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро  ҳимояти Теҳрон аз Ирвон тавсиф кард.

Носир Канъонӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар посух ба  изҳороти Илҳом Алиев размоиши ахири Эрон дар   марзҳои  Арманистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро иқдоми маъмул ва барномарези шуда донист, ки аз маҷори расми низ қабл аз баргузори ба иттилоъи ҳамсоягони зеррабт расидааст.

Ба гуфтаи Носир Канъонӣ сиёсати усулии Ҷумҳӯри Исломии Эрон дар қиболи муноқишаи тӯлонии ду ҳамсояи шимолӣ дар минтақаи Қарабоғ ҳамвора бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳалу фасли мусолиматомези ихтилофи байни Ҷумҳӯриҳои Арманистон ва Озарбойҷон, бо риояти ҳақ дар чорчӯби ҳуқуқи байналмиллалӣ будааст. Аз инрӯ Теҳрон ҳамвора ишғоли сарзаминҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷонро маҳкум ва аз озодсозии он дар болотарин сутуҳ ҳимоят кардааст.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ. мавзӯъи ахири Илҳом Алиев Раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар мавриди ҳамсоягонаш аз чанд ҷиҳат қобили таваҷӯҳ аст, аввал ин, ки изҳорот дар мавриди Арманистон таҳти таъсири наздикии бештари равобити Боку бо режими саҳюнистӣ аст. Ҷумҳӯрии Озарбойҷон бар ин тасавур аст ба ҳар мизон, ки мавзӯъи тундеро зиддӣ Ҷумҳӯрии  Исломии Эрон иттихоз кунад ҷойгоҳи худро дар сиёсати минтақаии режими саҳюнистӣ ва Амрико тақвият хоҳад кард то ба истилоҳ аз имтиёзоти он баҳраманд шавад.

Дуввум он,ки Илҳом Алиев дар талош аст вонамуд кунад Арманистон бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар ҳоли эътилофсозӣ ва ҷабҳасозии ҷаддид ҳастанд то мавқеъияти худро дар миёни ҳомиёни худ аз ҷумла Туркия тақвият намояд.

Ҷалол Мирзоӣ коршиноси минтақа дар ин бора мегӯяд: Тардиде нест  Раиси Ҷумҳӯрии Озарбойҷон  дар ҳоли хуш хидмати ба саҳюнистҳо ва бархе дигар аз ҳомиёнаш аст то аз ин тариқ равобиташро бо Ғарб ва ҳамчунин саҳюнистҳо беш аз пеш тавсиа диҳад.

Ба унвони саввумин омил ва ҳадафи изҳороти тунд ва насанҷидаи Илҳом Алиев зиддӣ Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бояд ба ин нуктаи муҳим ишора кард, ки вай дар ҳоли ҷуброни камбудҳо ва эҳсоси таҳқири худ сохтае аст, ки дар солҳои ахир дар назди мардуми Ҷумҳӯрии  Озарбойҷон эҷод кардааст.

Алиев тасавур мекунад бо талош барои рӯ дар рӯ қарор додани худ бо Ҷумҳӯри Исломии Эрон мавқеъияташро дар назди бархе афроди ғарбагрои дохилӣ тақвият намояд то ба ислоҳоти мавқеъияти дохилиашро беҳбуд бахшад. Ин дар ҳоле  аст, ки мардуми мусалмони Ҷумҳӯрии Озарбойҷон комилан ба ҳусни нияти Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар кумак ба тақвияти сулҳ ва амният дар минтақа ба вижа марзҳои Ҷумҳӯрии Озарбойҷон воқиф ҳастанд ва ҳаргиз таҳти таъсири шантажҳои таблиғотӣ қарор намегирад.

Дар ҳар ҳол, мардуми минтақа ба хуби медонанд, дустиҳо ва робитаи нек мондани ва сабаби тақвият амнияти минтақа мешавад, ки дар сояи он сулҳ ва пешрафт низ ҳосил хоҳад шуд. Аммо душманони минтақа ба ҳеҷ унвон тамоил барои ҳамгароии бештари Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Ҷумҳӯрии Исломии Эрон надоранд ва аз ҳар фурсате  истифода кунанд то монеъи густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа аз ҷумла Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Ҷумҳӯри Озарбойҷон шаванд.

Аз инрӯ мардуми ин кишвар интизор доранд мақомоти Боку дурандешии мавозеъро иттихоз кунанд, ки паёмади он таҳкими пояҳои иттиҳод ва ҳамгароии миёни кишварҳои исломӣ мебошад. Зеро саҳюнистҳо ба шиддад аз ҳамбастагии кишварҳои исломӣ нигарон ҳастанд ва онро сабаби тазалзули мавқеъияти худ медонанд.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп