Ноябр 12, 2022 15:11 Asia/Dushanbe
  • Даъвои ду расонаи террористӣ :

Ду расонаи расонаи саъӯдии Интернашнол ва " Би Би Си ", ки дар ҳафтаҳои ахир талош зиёдӣ карданд, то ба ошӯбҳо дар Эрон доман бизананд, ба ҷони ҳам афтоданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ҳафтаи гузашта файли савтӣ аз суҳбатҳои Раъно Раҳимпур-хабарнигори Би Би Си  мунташир шуд, ки дар он ӯ ба наҳви бепардае аз ҳадафи тикка-тикка ва таҷзия шудани Эрон хабар медиҳад ва таъкид мекунад, ки ҳадафи пушти пардаи ошӯбталабиҳо на демокросй, балки таҷзия ва пора-пора кардани Эрон аст !
Раҳимпур мушаххасан хабар медиҳад, ки дар расонаи саъӯдии Эронинтернашнол иблоғ шуда, ки фақат бо раҳбарони аҳзоб ( таҷзияталаб ) гуфтугу ва ба онҳо минбар дода шавад !
Пас аз интишори ин гуфтугу Интернашнол, ки нақшаҳои худ тавассути бозуи дигари оппозисюн нақши бар об мебинад, гузориши тундеро зидди Раъно Раҳимпур ва расонаи BBC форсӣ мунташир кардааст .
Интернашнол гузориши худ зидди Раъно Раҳимпурро бо ин ҷумла оғоз мекунад : " Вакили мудофеъи шайтон ё хабарнигори бетарафи Би Би Си ", сипас ҳар гуна санади зидди ӯ дораду надорадро рӯйи миз мерезад .
Дар идомаи ин гузориш, ки нишон аз боло гирифтани даъвои ду расонаи лондонӣ дорад,Интернашнол бо лаҳни талабкорона мегуяд BBC бо пӯли молиёти мардуми Британиая ва коркунони Интернашнол идора мешавад .
Дар бахши дигаре аз ин гузориши 10 дақиқае, ки нишон медиҳад чи қадар арбобони саъӯдии шабакаи Интернашнол аз ифшо шудани сиёсатҳояшон асабонӣ ҳастанд, BBC-ро борҳо " оятуллоҳ  Би Би Си " хитоб мекунанд .
Баррасии амалкарди 5 расонаи BBC форсӣ, Эронинтернашнол, Садои Амрико, радиои Фардо ва Ману Ту ва сафаҳоти маҷозии онҳо нишон медиҳад, ин расонаҳо дар 46 рӯз ( 24 сентябр то 31 октябр ) маҷмӯан 38 ҳазору се дуруғро дар бораи ҳаводиси ахири Эрон мунташир кардаанд, ки дар ин миён BBC форсӣ 65 дарсад, расонаи саъӯдии Интернашнол 64 дарсад ва Ману Ту 54 дарсад аз ҳаҷми ахбори мунташиршудаашон дуруғ буд .

 

Барчасп