Январ 07, 2023 09:57 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди раиси Ҷумҳурии Мавритания аз мавозиъи собити Эрон дар бораи масоили ҷаҳони Ислом

Раиси Ҷумҳурии Мавритания дар дидор бо вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон аз мавозиъи собиту усӯлии Ҷумҳурии исломӣ дар бораи масоили ҷаҳони Ислом қадрдонӣ кард .

Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ-вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон барои ширкат дар маросими интихоби пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом ба шаҳри Нуакшот-пойтахти Мавритания сафар кардааст .
Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии кишварҳои исломӣ ( Islamic Educational Scientific and Cultural Organization) вобаста ба Созмони ҳамкории исломӣ Нуакшотро ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2023 интихоб кардааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Ҳуросон, Муҳаммад Ғазвонӣ-раиси Ҷумҳурии Мавритания дар дидор бо Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ-вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон гуфт: Тавсеаи равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар дар ғарби Осиё ва шимоли Африқо муҳиму роҳбурдӣ хоҳад буд .
Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ-вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон низ дар ин дидор паёми шифоҳӣ ва табрики раиси Ҷумҳурии исломии Эронро ба давлату мардуми Мавритания тақдим кард .
Исмоъилӣ изҳор кард: Таъомулоти фарҳангӣ бо ҷаҳони Ислом ва кишварҳои африқоӣ дар давлати мардумӣ густариш ёфтааст ва дидору ройзанӣ бо вузарои фарҳанги кишварҳои исломӣ дар ҳошияи иҷлоси пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом, беҳтарини фурсат барои тақвияти таъомулоти фарҳангӣ миёни Эрону кишварҳои исломӣ аст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп