Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёми наврузии соли 1402 соли "Маҳори таварум ва рушди тавлид" иқтисод масъалаи аслии кишвар аст
(last modified Tue, 21 Mar 2023 12:55:05 GMT )
Март 21, 2023 17:55 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёми наврузии соли 1402 соли
    Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёми наврузии соли 1402 соли "Маҳори таварум ва рушди тавлид" иқтисод масъалаи аслии кишвар аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паём ба муносибати оғози соли 1402 ҳиҷрии шамсӣ бо табрики иди наврӯз ба оҳоди миллати Эрон ва ҳамаи миллатҳое, ки Наврузро гироми медоранд муҳимтарин масъалаи кишвар дар соли гузаштаро мавзуъи иқтисод ва маъишати мардум донистанд ва бо таъкид бар ин ки имсол низ иқтисод масъалаи аслии кишвар аст шиъори соли 1402-ро "Маҳори таварум ва рушди тавлид" эълом карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати ояутллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои паёми наврӯзии худ бо ишора ба тақоруни баҳори табиъат бо баҳори маънавият гуфтанд: Насими маънавият дар моҳи мубораки Рамазон шомили ҳоли ҳама аст ва бояд дилҳои худро дар маърази ин насими Илоҳи ва муъаттар қарор диҳем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сипас бо мурури кутоҳ ба соли 1401 ин солро ҳамчун солҳои баъд аз инқилоби исломӣ ҳамроҳ бо аворизи гуногуни талху ширин донистанд ва бо таъкид бар ин ки иқтисод муҳимтарин масъалаи кишвар дар соли гузашта буд афзуданд: Дар қазияи иқтисод низ талхиҳо ва шириниҳои буд, талхиҳо умдатан марбут ба таварум ва гарони ба хусус гаронии нархи маводи хуроки ва лавозими аслии зиндаги аст, ки афзоиши зиёди пайдо карданд ва бештарин фишори он ба даҳакҳои поёни ҷомеъа ворид меояд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд: Албата дар бахши иқтисод корҳои хуб ва созандагиҳои анҷом гирифт, ки бояд ба зиндагӣ ва маъишати мардум мартабит шаванд.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳимоят аз тавлид дар соли 1401 бо роҳандозии чанд ҳазор корхонаи таътил ва ниматаътил ва ҳамчунин афзоиши ширкатҳои донишбунён ва коҳиши дарсади андаки аз бекориро аз ҷумлаи иқдомоти мусбат дар бахши иқтисод баршумориданду гуфтанд: Яке дигар аз нуқоти хурсандкунандаи бахши иқтисод дар соли гузашта намоишгоҳи тавонмандиҳо ва дастовардҳои тавлидгарони давлати ва ғайри давлати ва ҷаласа бо тавлидгарони умдаи кишвар дар ҳусейнияи имом Хумайнӣ(р) буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки қазовати ишон дар бораи иқдомоти тавлидгарони кишвар мусбат аст ба рушди бархе шохисаҳои иқтисодӣ низ ишора карданду афзуданд: Дар бахши бима шохисҳо хуб аст ва дар бахшҳои марбут ба об, газ, роҳ ва муҳити зист корҳои хуби анҷом гирифта аст.

Эшон гуфтанд: Бо таъкид мегуям корҳои хубе, ки дар бахши иқтисод анҷом гирифта бояд мунҷар ба гушоиш дар зиндагӣ ва суфраи марудм ба вижа табақоти заиф шавад ва ин мавзуъ ҳам ҷуз бо барномарезии дақиқ ва истимрори ин корҳо имконпазир нест.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи арзёби аз вазъияти иқтисоди кишвар ин нуктаро мутазакир шуданд, ки бояд дар арзёбиҳо талхиҳо ва шириниҳоро канори якдигар дид ва маҷмуъи онҳоро муҳосиба кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки мушкилоти иқтисод фақат махсуси Эрон нест балки тақрибан ҳамаи кишварҳо аз ҷумла кишварҳои дорои иқтисоди қави ва пешрафта низ гирифтори мушкилоти иқтисодӣ ва ҳатто варшикастагии бонкҳо ва бадеҳкорҳои фавқулодае ҳастанд, гуфтанд: Масъулони давлати ва ҳамчунин фаъолони иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ бояд тамоми талоши худро ба кор гиранд то бо косташудани талхиҳо ва афзоиши мувафақиятҳо имсол як соли ширин барои миллати Эрон бошад.

Раҳбари инқилоб дар хусуси соли 1402 хотирнишон карданд: Масъалаи асли ва меҳварии кишвар дар соли ҷорӣ низ иқтисод аст албата ин ба маъони набуди мушкил дар бахшҳои дигар нест дар кишвар мушкилоти гуногуни дар заминаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ вуҷуд дорад, аммо агар давлат ва маҷлис ва фаъолони иқтисодӣ ва гуруҳҳои мардумии ҷавон ва пурангез тамоми талоши худро бар ҳалли мушкилоти мардум қарор диҳанд бисёри аз масоили дигар низ ҳал хоҳанд шуд.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳалли мушкилоти мардумро дар гарави фаъолиятҳои бунёни ва асосии иқтисодӣ ҳамчун тавлид ва корҳои инсони ҳамчун мувосот ва ҳамёриҳои мардуми ва кумак ба табақоти заифи ҷомеъа донистанд ва хотирнишон карданд: Аз дигар корҳои асоси дар канори тавлид мавзуъи муҳими сармоягузори аст, ки бояд масъулони давлати ва бахши хусуси таваҷҷуҳи вижаи ба он дошта бошанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ақибмондагии кишвар дар заминаи сармоягузори дар даҳҳаи навд таъкид карданд: Яке аз халаҳои ҷидди мавзуъи сармоягузори аст, ки бояд бо барномарези заминаи он фароҳам ва анҷом шавад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Ман бо дар назар гирифтани ҳамаи ин ҷиҳот ба хусус мавзуъи таварум ба унвони мушкили асли ва ҳамчунин тавлид ба унвони яке аз калидҳоинаҷоти кившар аз мушкилоти иқтисодӣ шиъори соли 1402-ро  "Маҳори таварум ва рушди тавлид" эълом мекунам.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Бояд масъулон ва фаъолони иқтисодӣ ва фаъолони мардуми ва фарҳангӣ ва ҳамчунин Садо ва Симо, ки вазифаи фарҳангсозиро бар уҳда дорад ҳамаи ҳиммати худро бар ин ду мавзуъ қарор диҳанд то дар дараҷаи аввал таварум маҳор шавад ва коҳиш ёбад ва дар дараҷаи баъд заминаи афзоиши тавлид фароҳам гардад.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар поёни паёми наврӯзии худ ибрози иродат ба ҳазрати Бақиятуллоҳулаъзам(аҷ) ва талаби улувви дараҷот барои руҳи мутаҳҳари имоми бузургавор ва шуҳадо аз Худованди мутаъол хушбахти ва шоди ва наврӯзии миллати Эрон дар соли ҷадидро масъалат карданд.

Барчасп