Феврал 11, 2024 19:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Ҳизбуллоҳи Лубнон ба таҷҳизоти ҷосӯсии режими саҳюнистӣ

Муқовимати исломии Лубнон дар ҳамалоте, бахше аз таҷҳизоту таъсисоти ҷосӯсии режими саҳюнистиро мунҳадим кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, дар ростои ҳимоят аз миллати Фаластин дар Борикаи Ғазза ва муқовимати далерона ва шарофатмандонаи онҳо, муборизони муқовимати исломӣ, таъсисоту таҷҳизоти ҷосӯсии режими саҳюнистиро дар иртифооти Кафаршубо ва мазореъи Шабъо бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор додаанд.

Бар асоси ин гузориш, режими саҳюнистӣ низ рӯзи якшанбе атрофи шаҳраки Кафаршуборо, ҳамалоти тӯпхона ва танкҳои ин режим, маҳаллаи шимолии шаҳраки Кифаркилоро ҳадаф қарор доданд .

Токунӯн даҳҳо ҳазор саҳюнист аз тарси ҳамалоти муқовимат аз шаҳракҳои наздики марзҳои Лубнон хориҷ шудаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп