Март 29, 2024 18:28 Asia/Dushanbe
  • Режими ишғолгари Исроил аз гуруснагӣ ба унвони силоҳе зидди ғайринизомиён истифода мекунад
    Режими ишғолгари Исроил аз гуруснагӣ ба унвони силоҳе зидди ғайринизомиён истифода мекунад

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ирсоли кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғаззаро бар асоси созукорҳои байналмилалӣ хостор шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Алҷазира”, Ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе эълом кард, ҳукме ки Девони байналмилалии додгустарӣ барои душмани саҳюнистӣ дар хусуси илзоми ирсоли кумакҳову хадамоти аслӣ ба борикаи Ғазза содир кард, бояд бо созукоре иҷроӣ, ки ҷомеаи байналмилал онро таъйин мекунад, ҳамроҳ бошад. Зеро режими ишғолгари Исроил аз гуруснагӣ ба унвони силоҳе зидди ғайринизомиён истифода мекунад.

Ҳамос афзуд, кабинаи режими ишғолгари Исроил бо вуҷуди ҳукмҳои қаблии додгоҳи Лоҳа, бидуни ҳеҷ монеъе ба ҷанги ваҳшиёнаву наслкушии худ дар ҳаққи мардуми Фаластин идома медиҳад ва ин режими ишғолгар пайваста тамомии қатъномаҳои байналмилалиро нақз карда, ки охирини он Қатъномаи Шӯрои амният дар бораи барқарории оташбаси инсондӯстона буд.

Девони байналмилалии додгустарӣ пештар иқдомоти ҷадидеро дар хусуси вазъияти мавҷуд дар борикаи Ғазза дар пайи ҳамалоти режими саҳюнистӣ эълом карда ва ба режими саҳюнистӣ дастур дод, бидуни ҳеҷ таъхире бо Созмони Милал ҳамкорӣ кардаву иқдомоти лозиму муассирро барои иҷрои ин дастурот дар пеш бигирад.

 

Барчасп