Апрел 11, 2024 19:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Исмоил Ҳания дар маросими таъзияи фарзандон ва набераҳои шаҳидаш

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфт: Душман тасаввур кардааст, ки бо террори фарзандон ва набераҳо метавонад ҷунбиш ё раҳбарони ин ҷунбишро ба кӯтоҳ омадан ё даст бардоштан аз хостаҳои ба ҳаққшон дар заминаи Ғазза ё ормони Фаластин водор кунад.Душман дар хаёлпардозӣ ба сар мебарад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Исмоил Ҳания,раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо шабакаи Алҷазира гуфт: Ин нахустин таҷрибаи хонаводаи Ҳания нест ва бисёре аз аъзои ин хонавода ба шаҳодат расиданд.

Вай тасреҳ кард: Имрӯз ҳам корвони дигаре ба шаҳидон афзуда шуд, ки хуни онҳо бо хуни ҳамаи миллати Фаластин даромехта мешавад. Ин далел ва санаде аст, ки нишон медиҳад писарон, духтарон ва набераҳои мо монанди миллати Фаластин ҳастанд. Онҳо дар дохили ватани азиз ва сабур, шаҳри Ғазза ва шимоли навори Ғазза ҳузур доранд. Онҳо ба хоки Ватан пойбанд ҳастанд ва онҳо бахше аз ин тасвири азиме ҳастанд, ки роҳбурди режими саҳюнистӣ барои кӯчондани миллати Фаластин дар навори Ғазза ва шимоли навори Ғаззаро ба шикаст кашонданд.

 

Барчасп