Июл 15, 2021 18:23 Asia/Dushanbe
  • Би би Си хабарнигори фаластиниро ба далели тветте алайҳи режими саҳюнистӣ ихроҷ кард

Шабакаи Би би Си Толо Ҳалова- хабарнигори фаластинии худро ба далели тветти зиддисаҳюнистии вай, марбути ҳафт соли пеш ва замоне, ки ҳануз аслан вориди ин шабака нашуда буд, ихроҷ кард .

Бар асоси гузориши  « арабии 21 » ، далели ин мавзеи шабакаи « Би Би Си » ، тветти Ҳалова дар ҳимоят аз Фаластин марбут ба ҳафт сол пеш буд, яъне се сол қабл аз инки хабарнигори мазкур вориди ин шабака шуда бошад .
Тветти мазкур марбут ба соли 2014 ва ҷанги 51 рӯзаи режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза буд, ки дар он 2322 фаластинӣ аз ҷумла 587 кӯдак ва 489 зан шаҳид шуданд .
Ҳалова дар тветти худ ба забони англисӣ навишта буд : Исроил нозитар аз Ҳитлер аст . Барои Ғазза дуъо кунед .
Британия ҳамзамон бо тадовуми ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза дар соли ҷорӣ, ҳимоятҳои расонаҳои худ аз ҷиноёти ин режимро ташдид кардааст .

 

Барчасп