Декабр 13, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони саъӯдӣ хостори озодии рӯҳонии динӣ шуданд

Фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Риёз хостори озодии Холид Аррошид-рӯҳонии динӣ шудаанд, ки аз соли 2005 то кунун дар зиндонҳои оли Сауд ба сар мебарад.

Арабистон парвандаи сиёҳе дар мақулаи ҳуқуқи башар дорад ва дар тӯли солҳои гузашта гузоришҳои мутаъаддидӣ аз эъдомҳои фароқонунӣ, шиканҷа, боздоштҳои худсарона, нопадид шудани қаҳрӣ, боздошти фаъолони сиёсӣ ва ҳуқуқи башарӣ ва саркуби хостаҳои машрӯъи ақаллиятҳои динӣ дар дохили Арабистон ба берун дарз кардааст.
Фаъолони саъӯдӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи душанбе эълом карданд ҳеҷ ҷойгузине барои озодии шайх Холид Аррошид вуҷуд надорад.
Созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ахиран эълом карданд, як додгоҳи таҷдиди назар дар Арабистони ҳукми ҳабси Холид Аррошид
ро аз 23 сол ба 40 сол афзоиш дод .
Холид бин Муҳаммад Аррошид чандин сол ба унвони воъизу имоми ҷамоати масҷиди Фаҳд бен Муфлиҳ Ассабъӣ дар шаҳри Алхубар фаъолият мекард. Ӯ дар Иёлоти Муттаҳида ба таҳсили улӯми ҷиноӣ пардохт ва сипас ҳавзаи фаъолияту таҳсили худро тағйир дод ва ба таҳсили улӯми шаръӣ машғул шуд .
Аррошид пас аз он ки рӯзномаҳои даниявӣ ба Паёмбари гиромии ислом иҳонат карданд, хостори таҳассун муқобили бинои фармондории Риёз барои бастани сафорати Дания шуд . Пас аз ин дархости таҳассун дар соли 2005 давлати саъӯдӣ вайро боздошт кард .
То кунун даҳҳо шиъаи арабистонӣ тавассути дастгоҳи амниятии оли Саудӣ дастгир шудаанд ; боздошти фаъолони шиъаву мухолифони давлати саъӯдӣ ҳарчанд ҳамвора дар Арабистон вуҷуд дошта, аммо аз замони валиаҳдии Муҳаммад бин Салмон  то кунун раванди боздоштҳову саркуби шиъаёну мухолифони саъӯдӣ афзоиши чашмгирӣ доштааст.

 

 

Барчасп