Декабр 03, 2023 13:21 Asia/Dushanbe
  • Рузи нобарори ҷудокорони тоҷик дар Токио: Панҷ нафар аз дастёби ба медал бозмонданад
    Рузи нобарори ҷудокорони тоҷик дар Токио: Панҷ нафар аз дастёби ба медал бозмонданад

Варзишкорони тоҷик аз касби медал дар мусобиқоти ҷудои Ҷопон бенасиб шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81-килограми бештарин талошро анҷом дод ва барои касби медоли биринҷ ба майдон рафт аммо ноком монад ва панҷумин бохт насиб у шуд.

Аввалин рузи мусобиқот Grand Slam -2023 Токио барои ҷудукорони Тоҷикистон бисёр бад сипари шуд.

Тоҷикистонро дар ин сабқат дар умум 10 нафар намояндагӣ мекунад, аммо панҷ паҳлавон имруз вориди сабқат шуданд, ягон бурд надоштанд.

Ҳамин тариқ ин мусобиқа барои Беҳруз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Комроншоҳи Устопириён поён ёфт.

Нисбат ба дигарон Сомон ва Беҳруз ҳарччанд рақобатҳоро хуб идома доданд, аммо бахташон пастӣ кард.

Беҳрӯз Хоҷазода -73 дар даври аввал бо партоби зебо Отари Квантидзеи партугалӣ ва дар марҳилаи дуюм ҳарифи сарсахташ Лаша Шавдатуашвилии гурҷиро канор зад.

У дар зимнаи чаҳорякниҳоӣ бо як иштибоҳ аз намояндаи Фаронса Орландо Касорлаи шикаст хурд.

Се варзишкори дигари кишвар дар давраҳои дуюм аз идомаи сабқат маҳрум шуданд.

Барчасп