Май 10, 2021 13:31 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст, дар Тоҷикистон як миллиону 800 ҳазор нафар ваксинаи корона дарёфт кунанд
    Қарор аст, дар Тоҷикистон як миллиону 800 ҳазор нафар ваксинаи корона дарёфт кунанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тазриқи ваксинаи корона ба 69 ҳазору 229 нафар то рӯзи 10 май хабар дод.

Ба нақл аз Ховар, тазриқи ваксинаи Оксфорд “AstraZeneca” аз рӯзи 23 марти имсол оғоз шуда ва бояд ду доза ба ҳар нафар ихтисос ёбад, ки марҳалаи дуввуми он пас аз ду моҳ хоҳад буд.

Тоҷикистон бо кумаки молии Бонки ҷаҳонӣ 192 ҳазор доза аз ин ваксинаро аз Ҳиндустон дарёфт кардааст, ки кадри дармонӣ, муаллимон ва афроди болои 60 сол дар авлавияти тазриқи он қарор доранд.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки то ба ҳол ҳеч аворизи ҷиддӣ ё фавти афроде, ки ваксинаи Оксфорд “AstraZeneca” дарёфт кардаанд, мушоҳида нашудааст.

Қарор аст, дар Тоҷикистон як миллиону 800 ҳазор нафар аз ҷамъияти наздик ба 10 миллион нафарии ин кишвар ваксинаи корона дарёфт кунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп