Даъвати раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтои туркмани худ барои ҳузур дар нишасти Шанхай
(last modified Fri, 13 Aug 2021 15:01:44 GMT )
Август 13, 2021 20:01 Asia/Dushanbe
  • Даъвати раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамтои туркмани худ барои ҳузур дар нишасти Шанхай

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба ҳамтои туркмани худ, аз вай барои ҳузур дар нишасти сарони Шанхай дар шаҳри Душанбе даъват кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов, ҳамтои туркмани худ даъват кард то дар иҷлоси солгарди сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, ки қарор аст дар 16 ва 17 сентябри 2021 дар Душанбе баргузор шавад, ширкат кунад.

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон омадааст: Дар ин солгард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори раёсати баргузории иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхайро доштааст, бо камоли майл аз шумо даъват мекунам то дар ин иҷлос ҳузур дошта бошед.

Туркманистон узви Созмони Ҳамкории Шанхай нест, аммо ағлаб дар ҷаласоти сатҳи боло ширкати фаъол дорад.

Хотирнишон мешавад, ки дар соли 2016 Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон дар нишасти Шӯрои сарони кишварҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд ширкат кард.

Кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Чин, Ҳинд ва Покистон узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва кишварҳои Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Белорус узви нозири ин созмон ҳастанд.  

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп