Феврал 19, 2022 13:56 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи вазири нақлиёти Тоҷикистон дар бораи сохта нашудани роҳи Хоҷаи Аъло ба Ворух

Вазири нақлиёти Тоҷикистон иллати сохта нашудани роҳи иртиботӣ миёни ду минтақаи Хоҷаи Аъло ба Ворух дар ноҳияи Исфара дар марзи муштараки ин кишвар бо Қирғизистонро мавзеи кишвари ҳамсоя унвон кард.

Ба навиштаи сомонаи Тоҷвик, Азим Иброҳим дар нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал гуфт, “Бо дастури комиссияи байниҳукуматӣ мо дар ҳама гуна вақт ба баргузории корҳои топографӣ ва сохтмон омодаем”.

Ин ҷо сари протоколи рӯзи 1 майи соли гузашта имзошудаи №39 сухан меравад, ки дар он гуфта мешавад, роҳи Хоҷаи Аъло - Ворухро ҳар ду ҷониб месозанд.

Аммо бо гузашти қариб 10 моҳ ҷонибҳо ҳатто ба корҳои пешакии сохтмони роҳ оғоз накардаанд, ки яке аз сабабҳои аслии рӯйдодҳои хунини рӯзҳои 27-28 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дониста мешавад.

Мутобиқи протокол, ҷонибҳо роҳро бояд якҷоя созанд, лекин ҳукумати Қирғизистон бар хилофи қарордоди имзошуда исрор меварзад, ки роҳро худаш бунёд мекунад.

Аз сӯи дигар раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта, “Ман дар ин бора ошкоро гап мезанам. Онҳо дархост мекунанд, ки сохтмони роҳи Ворух оғоз шавад. Мо роҳро баста наметавонем, он ҷо 40 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Роҳ тариқи Капчигай мегузарад. Лекин роҳро худамон месозем ва барои ин маблағ ҳам дорем”.

Бино ба маълумоти ӯ, Қирғизистон ҳам шартҳои худро гузоштааст.

Аз масофаи умумии 976 километр сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо 504 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп