Май 03, 2022 20:13 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои 103 дарсадии пардохти молиёт ба будҷети ҳукумати  Тоҷикистон дар 3 моҳи соли ҷорӣ
    Иҷрои 103 дарсадии пардохти молиёт ба будҷети ҳукумати Тоҷикистон дар 3 моҳи соли ҷорӣ

Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон эълом кард дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ ба будҷети ҳукумати Тоҷикистон 3 миллиарду 500 миллион сомонӣ молиёт пардохт шуд, ки иҷрои 103 дарсадии барномаро нишон медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ 3 миллиарду 500 миллион сомонӣ молиёт ба будҷети ҳукумати Тоҷикистон пардохт шуда аст, ки 114 миллион сомонӣ бештар аз барнома мебошад.

Дар ин муддат барномаи пардохти молиёт дар вилояти Бадахшон 106.3 дарсад, вилояти Суғд 106 дарсад вилояти Хатлон 101.8 дарсад шаҳри Душанбе 101.1 дарсад ва ноҳияҳи тобеъи марказ 102.6 дарсад иҷро шуда аст.

Ҳамчунин ба маблағи 375 миллион сомонӣ фирори молиётӣ дар 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ ошкор ва ин манобеъ ба будҷети ҳукумати Тоҷикистон пардохта шуда аст.

 

Барчасп