Май 14, 2022 13:23 Asia/Dushanbe
  • Талоши мақомоти вилояти Суғд барои таҳқиқи боздошти 11 сокини ин минтақа дар Қирғизистон

Мақомоти вилояти Суғд эълом карданд, ки машғули баррасии моҷарои боздошти 11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Қирғизистон мебошанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, мақомоти амниятии Қирғизистон 11 сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғдро, ки дар як анбори ангишт дар шиҳри Сулуктаи вилояти Ботканд фаъолият мекарданд, ба иттиҳоми убури ғайри муҷози марз боздошт кардаанд.

Мақомоти вилояти Суғд мегуянд, ки то ба ҳол дар ин замина посухи расмии тарафи Қирғизистонро дарёфт накардаанд. Ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз шаҳри Исфараи ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф сеюмин мнттқаҳи вилояти Суғд мебошад, ки бо вилояти Ботканди Қирғизистон марзи муштарак дорад. Ин дар ҳоле аст, ки марзҳои заминии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як сол қабл дар пайи даргирии хунини марзбонони ду кишвар ҳамчунон баста боқӣ мемонад.

 

Барчасп