Донишҷуёни донишгоҳи Сорбонн дар эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳимояти давлатҳои ғарбӣ аз ин режим, дарсҳоро таътил ва дар ҳавлии аслии донишгоҳ чодар барпо карданд, ки бо юриши полис зиддишӯриш теъдоде аз онҳо боздошт шуданд.
Мухолифони идомаи ҷанги режими наслкуши саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва ҳомиёни Фаластин дар Амрико дар хиёбонҳои маҳали суханронии раиси Ҷумҳурии ин кишвари гирди ҳам омаданд то эътирози худро зидди ҷанги режими ишғолгари саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза нишон диҳанд .
Мардуми Афғонистони сивудувумин солрузи пирузи бар режими коммунистиро дар вилоятҳои мухталиф гиромӣ доштанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маросими ифтитоҳияи Шашумин намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротии Эрон ( Эрони Эксао2024 ) гуфт : Ин намоишгоҳ нишондиҳанда он аст ки Эрон таҳрим нопазир аст ва тавонои навоварӣ дар арсаҳои мухталифро дорад .
Шашумин намоишгоҳи байналмилалии тавонмандиҳои содиротии Ҷумҳурии исломии Эрон ( Эрон Экспо 2024 ) субҳи имрӯз ( шанбе ) оғоз шуд .
Тазоҳуроти донишҷуён дар Амрико алайҳи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза ба донишгоҳҳои Каролинои шимолӣ ва Арезиона низ кашида шуд.
Мардум дар ин роҳпаймоӣ, ки бо шиори «Ҳамроҳ бо Ғаззаи сарбаланд, басиҷ ва омодагӣ» баргузор шуд, зимни баёнияе ҷиноятҳои ишғолгаронро маҳкум ва хостори тадовуми амалиёти неруҳои муқовимат алайҳи ишғолгарон ва ҳомиёни он шуданд.
Эътирози донишҷуён дар Амрико,ҳоло дар донишгоҳҳои Аврупо ҳам шунида мешавад ва ба хабари аввали расонаҳои дунё табдил шудааст.
Нахуствазири Англия бо сафар ба Полша, ҳамсояи Украина, аз бузургтарин бастаи кумакҳои низомии Англия ба Украина рӯнамоӣ кард.
Дирӯз дар Ғазза амалиёти берун кашидани пайкари шаҳидони ҳамлаи саҳюнистҳо ба ду хона дар Рафаҳ анҷом шуд.