Июл 25, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳаким оташ задани нусхае аз Қуръони Карим ва парчами Ироқ дар баробари сафорати Ироқ дар Копенгагенро ба шиддат маҳкум кард
    Ҳаким оташ задани нусхае аз Қуръони Карим ва парчами Ироқ дар баробари сафорати Ироқ дар Копенгагенро ба шиддат маҳкум кард

Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ пофишории бархе кишварҳо дар иҳонат ба муқаддасоти адёни осмониро нақзи сареҳи қавонину урфҳои байналмилалӣ, ба хусус мисоқи ҷаҳонии манъи иҳонат ба адён ва боварҳо донист.

Ба гузориши дафтари расонаии ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ, Сайид Аммори Ҳаким рӯзи сешанбе дар баёнияе судури муҷаввиз аз ҷониби Дания барои такрори иқдоми зиште, ки пештар дар хоки Шветсия анҷом шуда буд ва иҷоза ёфтани гуруҳе ифротгарову зиддиисломӣ барои оташ задани нусхае аз Қуръони Карим ва парчами Ироқ дар баробари сафорати Ироқ дар Копенгагенро ба шиддат маҳкум ва тақбеҳ кард.

Раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ афзуд, ин рафторҳо нишондиҳанда вуҷуди як барномаи ҳисобшуда ва ифротгароёна барои аз миён бурдани вифоқи ҷаҳонӣ ва нафратпароканӣ миёни миллатҳост, ки бояд нисбат ба тарҳҳои машкуки он барҳазар буд.

 

Барчасп