Шиллики мушаки саҳюнистҳо ба шимоли Ғазза. Занги хатар дар сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромад
(last modified Thu, 12 Sep 2019 08:21:38 GMT )
Сентябр 12, 2019 13:21 Asia/Dushanbe
  • Шиллики мушаки саҳюнистҳо ба шимоли Ғазза. Занги хатар дар сарзаминҳои ишғолӣ ба садо даромад

Манобеи хабарӣ аз шиллики мушак тавассути ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини режими саҳюнистӣ ба шимоли навори Ғазза хабар медиҳанд.

Ба гузориши “Форс”, дар ҳоле ки расонаҳо аз таҷовузи муҷаддади саҳюнистҳо ба шимоли Ғазза хабар додаанд, саҳюнистҳо ҳам мегӯянд, садои занги хатар дар навоҳии ҷануби сарзаминҳои ишғолӣ ба гӯш мерасад.

Шабакаи “Аларабия” дақоиқе қабл хабар дод, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини режими саҳюнистӣ бо шиллики мушак ба минтақаи Байтулаҳё дар шимоли навори Ғазза, ба ин минтақа таҷовуз кардааст.

Расонаҳои саҳюнистӣ аммо лаҳазоте баъд аз шунида шудани садои занги хатар дар ҷануби сарзаминҳои ишғолии Фаластин хабар доданд. Як хабарнигори саҳюнист низ иддао карда, ки сомонаи Гунбади оҳанин теъдоде мушакро, ки аз навори Ғазза шиллик шуда буданд, раҳгирӣ кардааст.

Шаби гузашта шиллики чанд мушаки муқовимати исломии Фаластин ба Ашдод, Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро, ки дар ҳоли суханронии интихоботӣ буд, маҷбур ба гурехтан ба паноҳгоҳ кард.

Фаластини ишғолӣ ҳудуди як ҳафтаи дигар саҳнаи баргузории интихоботӣ хоҳад буд, ки дар он рақобати аслӣ байни эътилофи Натанёҳу бо эътилофи сафеду обӣ ба раёсати Бени Гантз, раиси собиқи ситоди муштараки артиши саҳюнистӣ аст.

 

 

Барчасп