Май 09, 2021 11:47 Asia/Dushanbe
  • Ҷумбиши ҷавонони 14 феврали Баҳрайн
    Ҷумбиши ҷавонони 14 феврали Баҳрайн

Ҷумбиши 14 феврали Баҳрайн таъкид кард: Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ - манбаи поённопазир барои тақвияти рӯҳияи умеди миллатҳои исломӣ ба озодии Қудс аст .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷумбиши эътилофи ҷавонони 14 феврали Баҳрайн  шанбешаб зимни ташаккур аз баёноти Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, интифозаи мардуми Байтулмуқаддас ва ҳузури густарда ва пуршӯри мардуми Баҳрайн ва дигар миллатҳои исломӣ ва арабӣ дар рӯзи ҷаҳонии Қудсро сутуд .

  Дар баёнияи Ҷумбиши ҷавонони 14 феврали Баҳрайн омадааст, ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ дар баёноти худ тавваҷуҳу эҳтимоми фаровоне ба аҳамияти озодии сарзаминҳои ишғолӣ ва ба хусӯс Қудси шариф ва Масҷидулақсо доштанд; масъалае ки табалвури таҷассуми воқеии рӯҳи фикрӣ ва идомаи роҳу сираи Имом Хумайнӣ ( р ) бунёнгузори Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар ҳимоят аз Фаластин ва рӯзи Қудс аст .

Ҷумбиши 14 феврали Баҳрайн таъкид кард: Суханони Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, суботи қадам, нигоҳи возеҳу умедбахши мактаби ишонро тарсим намуд, ки дар он меҳвари шар ва дабдабаи дарунхолии истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико ва режими саҳюнистиро ёдоварӣ кард, ки беш аз пеш ва дар наздиктарин замони мумкин рӯ ба нобудӣ ва аз байн рафтанӣ аст .

Ин ҷумбиши баҳрайнӣ тасреҳ кард,ки ҳимояти Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аз ормони Фаластин ва пуштибонии эшон аз раҳбарони ҷабҳаи муқовимати исломӣ ва дар раъси онҳо ҳимоятҳои маънавӣ ва фикрӣ ба манзури афзоиши сатҳи омодагии гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ва тамоми  ҷабҳаи муқовимат боиси фахру сарбаландии озодихоҳони ҷаҳон аст .

  Ҷумбиши ҷавонони инқилоби 14 феврал бо ишора ба даргириҳои ахири низомиёни саҳюнист бо фаластиниён дар саҳнҳои Масҷидулақсо ва Қудси ишғолӣ гуфт:Муборизаи фаластиниён навидбахши шуълавар шудани интифозаи мардумӣ дар баробари ишғолгарон дар тамомии сарзамини Фаластин аз Ғазза то манотиқи Каронаи бохтарӣ ва сарзаминҳои ишғолӣ аст .

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон, мусодиф бо рӯзи ҷаҳонии Қудс дар паёме хитоб ба ҷавонони арабӣ гуфтанд: Фаластин зинда аст ва ба ҷиҳод идома медиҳад ва ба кумаки Худо саранҷом хоҳад тавонист бар душмани саҳюнистӣ пирӯз ояд .

 

   Бештар бихонед :

 

Барчасп