Сентябр 07, 2023 17:47 Asia/Dushanbe
  • Шайх Закзокӣ : Муқовимати Имом Ҳусайн ( а ) танҳо роҳи наҷоти башарият аст

Раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия гуфт : Идомаи роҳи Имом Ҳусайн ( а ) танҳо роҳи наҷоти башарият аз зулм ва ситам аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шайх Иброҳим Закзокӣ дар гуфтугуи ихтисосӣ бо хабарнигори Эронпресс дар Абуҷа дар бораи аҳамияту паёми арбаъини ҳусайнӣ тасреҳ кард : Фидокории Имом Ҳусайн ( а ) барои пирӯзии адолату ҳақ дар баробари зулму ситам дар ҷаҳон буда ва танҳо роҳи наҷоти башарият муқовимат ба шеваи Имом Ҳусайн ( а ) аст.
Раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия ҳамчунин фаро расидани айёми арбаъини ҳусайнӣ ( а )-ро ба мароҷеъаҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва уммати исломӣ таслият гуфт.
Шайх Иброҳим Закзокӣ таъкид кард : Мардум дар асри ҳозир ба фидокорӣ ва роҳи муқовимати Имом Ҳусайн ( а ) дар қиёми Карбало пай бардаанд, ки дар ниҳоят Имом ҷони худро дар масири озодагӣ фидо кард .
Раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия тасреҳ кард : Ончи Имом Ҳусайн ( а ) ба хотири он ҷонашро фидо кард, рӯзе амалӣ мешавад ва ба таври яқин рӯзи пирӯзии комили адолату ҳақ бар зулм фаро хоҳад расид.

 

Барчасп