Идомаи тазоҳуроти густардаи ҳомиёни Фаластин дар саросари ҷаҳон ҳамзамон бо оғози соли ҷаддид
(last modified Mon, 01 Jan 2024 08:52:42 GMT )
Январ 01, 2024 13:52 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тазоҳуроти густардаи ҳомиёни Фаластин дар саросари ҷаҳон ҳамзамон бо оғози соли ҷаддид
    Идомаи тазоҳуроти густардаи ҳомиёни Фаластин дар саросари ҷаҳон ҳамзамон бо оғози соли ҷаддид

Мардуми кишварҳои мухталиф аз ҷумлаи Швейтсария ، Туркия ، Англис ، мағриб ва Шветсия ҳамзамон бо оғози Соли нав ( милодӣ ) дар ҳимоят аз мардуми Ғазза роҳпаймоӣ карданд .

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) рӯзи шанбеи ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи « Тӯфони Алақсо »ро аз Ғазза ( ҷануби Фаластин) алайҳи мавозиъи режими ишғолгари Қудс оғоз кард . Режими саҳюнистӣ ҳам барои талофӣ ва  ҷуброни шикасти худ ва  мутаваққиф кардани амалиёти гурӯҳҳои муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои Навори Ғаззаро баст ва  минтақаро бомбборон кард . Дар ин бомбборонҳо ҳазорон зану кӯдак ба шаҳодати расиданд.

Бар асоси эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза ، токунӯн ҳудӯди 22 ҳазор фаластинӣ дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба Ғазза ба шаҳодат расидаанд ва беш аз 56 ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд .Илова бар вокунишҳои мақомот ва  сарони кишварҳо ، мардуми манотиқи мухталифи ҷаҳонӣ ҳам токунӯн борҳо барои эътироз ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва  ҳимоят аз мардуми Фаластин ба хиёбон омадаанд. Ба гузориши хабаргузории Ирно, садҳо нафар аз мардуми шаҳри Танжер ( кишвари Мағриб ) дар майдони марказии ин шаҳр ، дар ҳамбастагӣ бо мардуми Ғазза таҷаммуъ карданд.

Дар Женеваи Швейтсария ҳам роҳпаймои густардае барои ҳимоят аз мардуми Ғазза,  дар нахустин лаҳазоти оғози Соли нави милодӣ баргузор шуд 

Ҳомиёни Фаластин дар Лондони ҳам дар шаби Крисмас мардуми Ғаззаро аз ёд набурданд ва дар вопасини соъоти пеш аз оғози соли ҷаддид, бо баргузарии таҷаммуъе муқобили сохтимони нахуствазир ва  наздики Маҷлиси Британия. бар идомаи талош барои эҳқоқи ҳуқуқи фаластиниён таъкид карданд .

Дар шаҳри Манчестер ҳам тазоҳуроти мушобеҳӣ баргузор шуд .

Мардуми Туркия низ дар шаҳрҳои Трабзон ва  Истанбул бо ширкат дар тазоҳурот, ҳимояти худро аз мардуми Ғазза эълом карданд .

Дар Стокголми пойтахти Шветсияи ҳам мардум бо таҷаммуъ дар яке аз маёдини аслии шаҳр,ҳамзамон бо шумориши маъкӯс барои оғози Соли нави милодӣ, дар ҳимоят аз мардуми бедифоъи Ғазза шиор доданд .

Рӯзи гузашта ҳам ҳазорон шаҳрванди фаронсавӣ дар шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла Париж ва  Марсей дар ҳимоят аз Фаластин тазоҳурот карданд. Тазоҳуркунандагон бо ҳамли парчами Фаластин, алайҳи Исроил шиор доданд .

Дар Мадрид ( Испания ), Берлин ( Олмон ) ва  Торонто ( Канада ) низ таҷаммуъоти мушобеҳӣ баргузор шуд. Дар шаҳри Ҳелсинкии пойтахт ( Финланд ) ҳам парчами Фаластин дар ҷашни Соли нави милодӣ ба эҳтзор даромад .

Барчасп