Дархости Ғанӣ барои мушаххас шудани суду зиёни муассисоти хориҷӣ дар Афғонистон
(last modified Mon, 12 Mar 2018 10:17:06 GMT )
Март 12, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости Ғанӣ барои мушаххас шудани суду зиёни муассисоти хориҷӣ дар Афғонистон

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон мушаххас шудани “ҳазинаи фоида” (суду зиён)-и муассисоти хориҷиро тайи 17 соли гузашта дар ин кишвар хостор шуд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ  аз муасисоти хориҷии мавҷуд дар Афғонистон хост, омори шаффофе аз маблағҳои ҷудошуда ва натиҷаи он тайи 17 соли гузашта дар ин кишвар пешниҳод кунанд.

Наҷиб Дониш, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон ҳам гуфт, бо вуҷуди ин ки 7 соли пеш дастури манъи фаъолияти ширкатҳои амниятии амрикоӣ ба далели доштани зиндони хусусӣ аз сӯйи Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии пешин ин кишвар содир шуда буд, аммо ҳанӯз 19 ширкати амниятии хусусӣ дар Афғонистон фаъолият доранд.

Ҳузури пурхарҷи муассисот ва ширкатҳои хориҷӣ дар Афғонистон, ки иқдомоти онҳо хилофи манофеъ ва амнияти миллии ин кишвар будааст, дастикам яке аз масоили ҷанҷолӣ ва пурҳошия аз даҳ соли гузашта то кунун дар Афғонистон будааст.

Ин муассисот ва ширкатҳо, ки ба баҳонаи бозсозӣ ва тармими харобиҳои ҷанг дар Афғонистон ҳузур доранд, бахши умдае аз кумакҳои молии байналмилалӣ ба ин кишварро сарфи корҳое назири пардохти маоши коргарони худ кардаанд.

Дар солҳои ахир борҳо давлати Афғонистон бо интишори оморҳое таъкид карда, ки беш аз ҳаштод дарсади кумакҳои молии хориҷӣ дар ихтиёри ин гуна муассисот ва ширкатҳо қарор гирифта ва танҳо бахши андаке аз он ба раванди бозсозии ин кишвар ихтисос ёфтааст.

Ба ҳамин далел, давлати Афғонистон дар нишастҳои мухталифи байналмилалӣ дар бораи кумак ба бозсозии ин кишвар, хоҳони тағйир дар мудирияти ин кумакҳо ва вогузории ибтикори амал дар тасмимгирӣ дар бораи наҳваи сарфу харҷи ин манобеи молӣ шудааст.

Нокоромадии ширкатҳои хориҷӣ дар раванди бозсозии Афғонистон ҳатто боис шуда, ки идораи бозрасии Амрико барои бозсозии Афғонистон ба набуди мудирияти саҳеҳи ин гуна муассисот эътироф кунад.

Дар гузоришҳои мухталифи ин ниҳод ба иҷрои проектҳое ишора шуда, ки дар авлавияти бозсозии Афғонистон қарор надоштааст ва ин проектҳо ҳам ба далели умри кӯтоҳ дорои сарфаи иқтисодӣ набудаанд.

Дар ин гузоришҳо гуфта мешавад, ки даҳҳо миллиард доллар кумаки хориҷӣ ба Афғонистон, ба сабаби харҷи онҳо дар тарҳҳои ғайризарурӣ бо умри кӯтоҳ, ҳадар рафтааст.

Дархости Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон барои мушаххас шудани суду зиёни ҳузури ширкатҳои хориҷӣ дар 17 соли гузашта то кунун дар ин кишвар нишон медиҳад, ки вай қасд дорад бо истинод ба маблағҳои харҷшуда тавассути онон ва натоиҷи бадастомада, барои кишварҳои ғарбӣ ин воқеиятро беш аз гузашта равшан кунад, ки ҳузури ин ширкатҳо таъминкунандаи манофеи миллати Афғонистон нест.

Сайид Ҳусайни Фахрӣ, раиси Идораи мубориза бо фасоди идории Афғонистон эълом кардааст, шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷии муртабит бо раванди бозсозӣ, дар фасоди идорӣ ва молӣ дар ин кишвар нақши густурдае доранд. Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷие, ки дар Афғонистон ба фасоди идорӣ оғушта ҳастанд, бояд мавриди бозҷӯӣ ва таҳқиқ аз сӯйи ниҳодҳои назоратӣ ва қазоӣ қарор гиранд.

Шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ дар Афғонистон дар бахшҳои амниятӣ фаъолият доранд, ки ба баҳонаи ироаи хадамоти амниятии хусусӣ, бо роҳандозии зиндонҳои махфӣ ва фурӯши силоҳ амалан ба ноамнӣ дар ин кишвар доман задаанд.

 

Барчасп