Октябр 31, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Роҳкори ҳалли ихтилоф дар Қафқоз-нишасти 3 + 3 ва механизмҳои минтақаӣ аст

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо ҳамтои ҷумҳурии озарбойҷонии худ тасреҳ кард : Ҷумҳурии исломии Эрон роҳкори дурусти ҳалли ихтилоф дар Қафқозро дар нишасти 3 + 3 ва механизмҳои минтақаӣ ҷустуҷӯ мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар тамоси телефонии Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири умӯри хориҷаи Эрон ва Ҷайҳун Байрамов- вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бархе мавзӯъоти дуҷониба ва низ масоили мавриди иҳтимоми муштарак дар арсаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ мавриди гуфтугу ва табодули назар қарор гирифт.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон зимни ишора ба муносиботи хуби Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар тамомияти арзии кишварҳои минтақа аз ҷумлаи Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкид карду афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон роҳкори дурусти ҳалли ихтилоф дар Қафқозро дар нишасти 3 + 3 ва механизмҳои минтақаӣ ҷустуҷӯ мекунад ва ҳамвора ба талошҳои худ барои ҳалли мушкил миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон идома хоҳад дод .
Амирабдуллоҳиён мухолифати худро бо ҳар гуна истиқрори неруи бегона дар минтақа эълом ва онро муғойир бо сулҳу субот ва ҳамкориҳои минтақаӣ арзёбӣ кард .
Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар ин гуфтугуи телефонӣ иртиботи мустақиму мустамари вузарои хориҷаи ду кишварро нишонгари умқи равобит байни Теҳрон ва Боку донист ва гуфт : Мо барои ин равобит арзишу эҳтиром қоил ҳастем .
Ҷайҳун Байрамов дар идома аз тамоси телефонии Амирабдуллоҳиён ва ташреҳи натоиҷи сафар ба Арманистон қадрдонӣ карду талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон барои кумак ба сулҳу суботи минтақаиро сутуд.
Вай мухолифати худро бо истиқрори неруҳои бегона дар минтақа иброз дошт ва бар тадовуми ҳамкориҳои минтақаӣ аз ҷумла дар қолаби нишасти 3 + 3 барои кумак ба суботу амният дар минтақа таъкид кард.

 

Барчасп