Ноябр 05, 2022 10:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони Миллал ба Би Би Сии   форсӣ дар ҳошияи нишасти зиддиэронӣ дар ин созмон

Рафтори ғайрикасбии Би Би Сии форсӣ дар ҳошияи нишасти зиддиэронии Амрико дар Созмони Миллал нисбат ба сафиру намояндаи Эрон мунҷар ба ҳушдори ин ниҳоди байналмиллалӣ ба хабарнигори ин шабака шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзи чаҳоршанбеи дувуми ноябр дар Созмони Миллал намоиши зиддиэронии Амрикову ҳомиӣёнаш дар ҳоли баргузоарӣ буд, ки Амирсаъиди Еревонӣ-сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал дар ҷамъи хабарнигорон барои ташреҳи мавозиъи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур ёфт.
Оромишу тамкини сафири Эрон дар ин нишасти хабарӣ хашми хабарнигори  Би Би Сии форсиро барангехт ва талош кард бо сару садо ва иттиҳомоти нораво алайҳи Эрон таваҷҷуҳотро ба худ ҷалб кунад.
Намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба хотири рафторҳои дур аз назокату адаби хабарнигори Би Би Сии форсӣ дар муҳавватаи Созмони Миллал, ки халалдоркунандаи рӯйкарди ҳамбастагӣ ва сулҳи миёни аъзои ин созмон аст, ба Стефан Дуҷорик-сухангӯи Созмони Миллал гилоя кард ва хостори такрор нашудани ин қабил рафторҳо шуд .
Дар паии ин иқдоми ҳайати намояндагии Ҷумҳурии исломӣ дар Созмони Миллал ин ниҳоди байналмилалӣ ба хабарнигори Би Би Сии форсӣ ҳушдор дод .
Муовинати иртиботи байналмиллали Созмони Миллал дар номае ба ин хабарнигор ёдоварӣ кард мусоҳибаҳо дар Созмони Миллал бояд бо мувофиқати қаблии дипломати мавриди назар бошад .
Еревонӣ дар нишасти хабарии ёдшуда бо ташреҳи мавозиъи Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Масоили ҳуқуқи башарии худро бо кишварҳое, ки аз мо ақибтар ҳастанд муқоиса намекунем то эҳсоси ризоят дошта бошем, балки нигоҳи мо ба аҳдофи волое чун ҳокимияти дин, ахлоқу адолат бар ҷомеъа аст ва мусаммам ҳастем дар ин масир ҳаракатмонро идома диҳем .
Ба рағми сару садои зиёди расонаҳои форсизабоне ҳамчун шабака Би Би Сии форсӣ ва Эронинтирнашноли саъӯдӣ ва низ хабаргузории англисии Райтер дар бузургнамои ин нишаст далелҳои муҳимме вуҷӯд дорад, ки нишон медиҳад баргузоркунандагони ин нишаст ба аҳдофи худ нарасидаанд ва бо вуҷуди ҳаёҳӯи бисёр дастовардҳои ночизе ба дунбол доштааст .

 

Барчасп