Феврал 25, 2023 14:06 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Мухолифати Ғарб бо тарҳи сулҳи Чин барои поён додан ба ҷанги Украина
    Таҳлил: Мухолифати Ғарб бо тарҳи сулҳи Чин барои поён додан ба ҷанги Украина

Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯрии Амрико дар судмандии тарҳи Чин барои поёни ҷанг ва ҳалу фасли буҳрони Украина ибрози тардид кард. Бойден дар вокуниш ба тарҳи Чин дар ҳалу фасли буҳрони Украина изҳор дошт, ки тарҳи пешниҳоди аз сӯйи Чин барои ҳалу фасли низоъ дар Украина фақат ба суди Русия аст.

Бойден дар гуфтугӯ бо шабакаи Би Си изҳор дошт: Путин барои он (тарҳ) каф мезанад, ин тарҳ чӣ фоидае дорад. Дар ин тарҳ чизе,ки нишон диҳад иҷрои он метавонад барои як тарафи дигар ғайр аз Русия муфид бошад, надидам.

Мухолифати фаври ва сареъи Амрико бо тарҳи Чин бо таваҷҷӯҳ ба  ният ва аҳдофи Вашингтон аз талош барои тадовуми ҷанги Украина ва тадовуми он маъно пайдо мекунад. Аз дидгоҳи давлати Бойден, пирӯзии Русия дар ҷанги Украина он ҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои бе эътибории ин Созмони низомӣ густариши ҳарчӣ бештари нуфӯз ва қудрати минтақаӣ ва байналмиллаии Русия хоҳад шуд ва муъодилоти амниятӣ ва низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари Ғарб тағир хоҳад дод. Ҳамчунин Ҷу Бойден раиси Ҷумҳӯрии Амрико ва мақомотии аршади низомӣ ва амниятии давлати ӯ суътақиданд, ки ҷанги Украина фурсати беҳамто ва ғайри қобили такрор барои зиддияти ҳар чӣ бештар алайҳи Русия ва тазъифи он ва дар ниҳояти ҷилавгирӣ аз шаклгирии комили низомии чанд қутби фароҳам овардааст. Лизо онҳо ба истилоҳ азми худро ҷазм кардаанд то ба ҳар қиммат аз пирӯзии Русия дар ҷанги Украина ҷилавгирӣ намоянд. Аз дидгоҳи Маскав ҳадфи Ғарб аз тадовуми ин ҷанг тазъифи ҳар чӣ бештари Русия бо ҳазфи  ниҳоии таҷзияи он аст. Бадин тартиб на фақат поёне барои ҷанги Украина дар соли 2023  нест балки бо таваҷӯҳ ба тадовум ва густариши кумакҳои низомӣ ва таслиҳотии бе собиқаи Ғарб ба  Киев интизор меравад доманаи он густардатар шавад. Дар айни ҳол мухолифати Амрико бо тарҳи сулҳи Чин нишон медиҳад, ки Вашингтон асосан ба дунболи поён додан ба ҷанги Украина нест.

Ин дар ҳоле аст, ки  Русия ба тарҳи Чин дар бораи поён додан ба ҷанги Украина ҳимоят кардааст. Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Русия омадааст. Бо Чин ҳамақидаем, ки ҳаргуна эъмоли маҳдудият хориҷ аз чорчӯби Шӯрои амният ғайри қонуни аст ва абзоре барои рақобати нобаробар ва ҷанги иқтисодӣ ба шумор меравад.

Нуктаи муҳими мавзеъи мубҳами Украина дар бораи тарҳи сулҳи Чин аст. Дмитро Кулеба вазири хориҷаи Украина онро ҷолиб донист ва гуфт, ки ҳаргуна пешниҳоди хориҷи бояд ҳамсу бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Миллал бошад.  Кулеба бо ишора бо тарҳи сулҳи пешниҳодии Чин, тасреҳ намуд, ки аносир ва усуле вуҷӯд дорад, ки  мо бо онҳо мувофиқем, аммо як усул дар ин тарҳ вуҷӯд дорад, ки бо он мухолифем ва онҳо лағви таҳримҳо алайҳи Русия аст зеро муътақидем таҳримҳо як абзори муҳим ҳастанд. Бадин тартиб Украина низ ҳамсу бо Амрико бо ҳар гуна тарҳи сулҳе, ки мутазамини коҳиши фишорҳо алайҳи Русия аз ҷумла лағви тарҳримҳои зиддӣ русӣ, бошад ба шиддат мухолифат меварзад. Дар воқеъ аз нигоҳи сарони ғарбӣ қарор нест ҳатто бо поён ёфтани ҷанги Украина низ, таҳримҳо алайҳи Русия коҳиш ёфта ё ба форомуши супурда шаванд.

Вазорати хориҷаи Чин рӯзи ҷумъа дар солрӯзи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, тарҳи 12 бандии худро барои поён додан ба ҷанги Украина мунташир кард. Ин тарҳи сулҳ дар Вебсайти Вазорати  хориҷаи Чин мунташир шудааст. Чин дар ин тарҳ бар оғози гуфтугӯҳои сулҳомез миёни Маскав ва Киев оташабас, поёни таҳримғои Ғарб алайҳи Русия, иттихози тадобире барои тазмини амнияти таъсисотии ҳастаӣ, эҷод гузаргоҳҳои башардӯстона барои хурӯҷи ғайри низомиён ва гомҳое дар ростои тазмини содироти ғаллот таъкид кардааст. Тарҳи сулҳи Чин ҳамчунин бар мавозеъи ин кишвар мабни бар таъмини муассири ҳокимият, исимқлол ва тамомияти арзӣ, "ҳамаи кишварҳо таъкид ва хостори поёни зеҳниятии ҷанги сард шудааст".

Давлати Чин то кунун ба сурати расми ва ошкоро аз амалиёти низомии Русия дар Украин дифоъ накарда ва онро низ маҳкум накардааст.

Пекин ҳамвора бар бетарафи дар қиболи ҷанги Украина таъкид карда аммо дар айни ҳол гуфта, ки равобити Чин бо Русия "ҳеҷ маҳдудияте" нахоҳад дошт. Чин ҳамчунин аз ирсоли таслиҳоти Ғарб ба Украина интиқод ва онро  "дамидан бар оташи ҷанг" тавсиа кардааст. Дар айни ҳол бо таваҷҷӯҳ ба мавозеъи манфии Амрико ва Украина дар заминаи тарҳи сулҳи Чин, эҳтимоли андаке вуҷӯд дорад, ки Пекин битавонад ин тарҳро ба пеш барад.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп