Фарбеҳӣ, сабаби эҷоди санги сафро
(last modified Sun, 12 Nov 2017 05:40:45 GMT )
Ноябр 12, 2017 10:40 Asia/Dushanbe
  • Фарбеҳӣ, сабаби эҷоди санги сафро

Фарбеҳӣ, вазни зиёд, ғизоҳои серравған ва камфибр асоситарин сабагори эҷоди санги сафро (талха ё заҳрхалта) аст.

Бемории санги сафро бемории паҳншуда аст ин беморӣ дар натиҷаи русуби холестрин  дар афроди фарбеҳ ва хонумҳо дида  мешавад.

Ин беморӣ мумкин аст аломате надошта бошад; дар бештар  мавридҳо дарди шадид дар қисмати ҷигар ва пушт метавонад аломати санги заҳрхалта  шавад ва баъзан бо дарди меъда иштибоҳ гирифта мешавад.

 Яке аз вижагиҳои аломати ин беморӣ ин аст, ки дар байни дардҳои шадид дарди оромтар дар фард сурат мегирад.

 Дар замоне,ки фард коҳиши вазни шадид дошта бошад мумкин аст санги кисаи сафро дар фард эҷод шавад.

Коҳиши вазн ва анҷоми фаъолиятҳои варзишӣ беҳтарин равиши пешгирӣ аз бурузи санги кисаи сафро аст.

Барчасп