Ҷустуҷу
-
Dec 23, 2023
Баста будани марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба афзоиши нархи ангиштсанг дар вилояти Суғд мунҷар шудааст.
-
Dec 23, 2023
Раиси созмони Ҳашдуш-шаъби аз оғози барномаҳои солрузи шаҳодати ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ ал-Муҳандис ба унвони фармондеҳони пирӯзӣ бар гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ хабар дод.
-
Dec 23, 2023
Ромин Ризоиён бо асаргузорӣ бар рӯйи шонздаҳ гол аз чаҳор мудофеъи бартари соли 2023 ба шумор меравад.
-
Dec 23, 2023
Маросими шаби Ялдо дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури ҷамъе аз андешамандон ва фарҳехтагони Тоҷикистон баргузор шуд.
-
Dec 23, 2023
Поёни корбурди расмии Ватсапп ва Телеграм ва Сигнал дар Фаронса; нахуствазири Фаронса дар фармоне истифода аз ин се паёмрасони байналамиллалиро дар миёни вазирон ва мақомоти баландпояи давлатӣ мамнуъ кард.
-
Dec 22, 2023
Мувофиқатномаҳои кумаки молӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини молии пружаи Тавсеаи бахшҳои моливу хусусӣ имзо шуд.
-
Dec 22, 2023
Шараф Шерализода, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва соири созмонҳои байналмилалӣ дар Женева бо Рулин, мудири Маркази истиқболи байналмилалии Женева (CAGI) дидору гуфтугӯ кард.
-
Dec 22, 2023
Амирхони Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибони Афғонистон субҳи рӯзи ҷумъа озими Эрон шуд.
-
Dec 21, 2023
Вазири дороии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидор бо мудири кулли Сандуқи тавсеаи байналмилалии ОПЕК қарордоди қарзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сандуқи тавсеаи байналмилалии ОПЕК ба имзо карданд .
-
Dec 21, 2023
Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ ва муовини вазири умури хориҷаи Туркия дар бораи охирин вазъияти майдонӣ, сиёсӣ ва байналмилалии Сурия табодули назар карданд.
-
Dec 21, 2023
Хонаводаҳои асирони исроилӣ дар тазоҳуроти ، чаҳорроҳи мунтаҳӣ ба маркази Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ дар Тел-Авивроо масдӯд карданд .
-
Dec 20, 2023
Фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз насби мушакҳои муҷаҳҳаз ба ҳӯши маснуӣ бар рӯи шиноварҳои ин неру хабар дод.
-
Dec 20, 2023
Баррасиҳои анҷомшуда нишон медиҳад, 71 дарсад аз фаластиниён дар Ғазза аз гуруснагии шадид ранҷ мебаранд.
-
Dec 20, 2023
Вазирони кишоварзии Тоҷикистону Русия тавофуқ карданд, ки ба манзури тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, гулмоҳиро аз Тоҷикистон ба Русия ва тухмаи офтобгардон ва лаблабуи қанд аз Русия ба Тоҷикистон содир шавад.
-
Dec 20, 2023
Таварруми бесобиқа дар ҳавзаи амлоки Туркия, рекордҳои ҷаҳониро ҷо ба ҷо ва хариди маскан дар ин кишварро ба руё табдил кардааст.
-
Dec 20, 2023
Дар Тоҷикистон зарурате ба чораҳои шадиди пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили бастани мактабҳо ва ё дигар муассисаҳо дида намешавад.
-
Dec 20, 2023
Маркази чопу нашри Қуръони Карими Малайзия иқдом ба тарроҳӣ, чоп ва вақф(бахшидан)-и даромади ҳосил аз фурӯши даҳҳо ҳазор ҷилди Қуръон барои кумак ба Фаластин кард.
-
Dec 20, 2023
Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ(СПАД) эълом кард, ин созмон ҳафт манёври низомии муштаракро барои соли 2024 барномарезӣ карда, ки дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистону Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.
-
Dec 19, 2023
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ҳузури Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар Кумитаи марказии интихоботи ин кишварро барои сабти ном дар даври баъдии раёсатҷумҳурӣ, ки дар авосити марти 2024 баргузор хоҳад шуд, таъкид кард. Путин мадорики лозим барои сабти ном ба унвони номзади раёсатҷумҳуриро ироа кардааст.
-
Dec 19, 2023
Раиси Ҷумҳурии Русия бо таъкид бар қаробатҳои фарҳангӣ ва иштирокоти тарихии кишварҳои иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳимояти Маскавро аз баргузарии руйдодҳои муштараки фарҳангӣ эълом кард.