Ҷустуҷу
-
Oct 14, 2023
Тими миллии Эрон барои ширкат дар Ҷоми миллатҳои Осиё дар мусобиқоти 4 ҷонибаи Урдун дар аввалин гом дар стадиони байналмилалии Аммон баробари мизбони мусобиқот қарор гирифт, ки бозӣ бо бартарии сеголаи Эрон ба поён расид.
-
Oct 14, 2023
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд эълом кард дар нуҳ моҳи имсол 6 нафар дар ин минтақа ба далели балоҳои табиӣ ҷон бохтанд.
-
Oct 14, 2023
Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умӯри хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҷараёни сафарҳои минтақаии худ зимни ҳузур дар Димишқ бо Башор Асад-раиси ҷумҳӯри Сурия дидору гуфтугу кард.
-
Oct 13, 2023
Вазирони роҳу нақлиёти Узбекистону Русия дар бораи густариши ҳамкориҳо дар заминаи нақлиёту боркашонӣ тавофуқ карданд.
-
Oct 12, 2023
Ҳасани Козимии Қумӣ-намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯр ва сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон дар сафҳаи иҷтимоии худ дар шабакаи Х навишт : Тафоҳумҳои хубе дар иртибот бо нигаҳдорӣ ва баҳрабардории роҳи оҳани Хоф – Ҳирот,осонсозии табодулоти тиҷорӣ ва ҳамчунин афзоиши тирози иқтисодӣ бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои густардаи ду кишвар ва ҳамчунин алоқамандиҳои тарафҳо сурат гирифт .
-
Oct 12, 2023
Узбекистон барои мардуми Афғонистон ки аз зилзила осеб диданд 100 танни маҳмулаи кумакҳои башари дустона ирсол кард.
-
Oct 12, 2023
Ҷангандаҳо ва тупхонаҳои режими саҳюнистӣ дар ҳоли анҷоми ҳамалоти шадиди ба манотиқи мухталифи дар навори Ғазза аз ҷумлаи шарқ, ғарб ва маркази ин минтақа ҳастанд.
-
Oct 12, 2023
Варзишкорон ва ҳаводорони варзиш ҳам аз саросари дунё ба ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин бархостанд.
-
Oct 11, 2023
Намояндагии доими Эрон назди Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда бо ирсоли ёддошти расмӣ ба дабирхонаи ин созмон, омодагии Эрон ҷиҳати мизбонии нишасти изтирории вузарои хориҷаи ин созмонро эълом кард.
-
Oct 11, 2023
Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи бистуҳафтумин нишасти Шӯрои вазирони кишварҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ бо якдигар дидор ва алоқамандии худро ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз карданд.
-
Oct 11, 2023
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, густариши ҷиноёти ҷангӣ дар Ғазза ва иқдомоти режими саҳюнистӣ мисдоқи муҷозоти дастаҷамъӣ ва ҷинояти систематики ҷангӣ алайҳи башарият аст.
-
Oct 11, 2023
Муовини дипломасии иқтисодии вазорати умӯри хориҷа дар сафар ба Боку барои ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи ЭКО бо вузарои хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷону Тоҷикистон дидор ва дар бораи муносиботи дуҷониба гуфтугӯ кард.
-
Oct 10, 2023
Кохи Сифед бомдоди сешанбе эълом кард Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико бо бозпурси ки дар бораи пайдо шудани санадҳои табақаи бандишуда дар хона ва дафтари кори шахсии вай пайдо шуда гуфтугу ва ба саволоти вай посух дод.
-
Oct 10, 2023
Иттиҳодияи Аврупои 7 миллионн евра барои иҷрои стратегияи тавсеаи омузиш дар Қирғизистон ба унвони қарзи ройгон ихтисос дод.
-
Oct 10, 2023
Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон эълом кард 12 то 14 октябри имсол дар шаҳри Душанбе як намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи сохтимонӣ бо мушорикати 5 кишвари хориҷӣ баргузор мешавад.
-
Oct 10, 2023
Ҳамоиши илмии байналмиллалӣ ба муносибати ҳазору панҷоҳумин солгарди Абӯрайҳони Берӯнӣ бо мавзӯи « Абӯрайҳони Берӯнӣ – кошифи асрори табиат » бо ҳамкории ЮНЕСКО дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.
-
Oct 10, 2023
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳимояту дифо аз ҳуқуқи миллати Фаластинро вазифаи ҳамаи кишварҳои исломӣ хонду ташдиди ҷиноёти режими саҳюнистиро боиси печидатар шудани шароит дар Фаластину минтақа баршумурд.
-
Oct 09, 2023
Бархе манобеи муқовимати фаластинӣ итило доданд, ки ҳамкории баъзе гуруҳҳо дар баданаи артиши Исроил яке аз калидҳои ғофилгири хиракунанда саҳюнистҳо дар амалиёти Туфон алақсо буда аст.
-
Oct 09, 2023
Ёав Галант вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар пайи идомаи нокомиҳо дар баробари муқовимати Фаластин дастур дод навори Ғазза ба сурати низомии комилан таҳти муҳосира қарор гирад.
-
Oct 09, 2023
Низомиёни артиши режими саҳюнистӣ аз набуди таҷҳизоти лозим барои мубориза бо неруҳои фаластинӣ интиқод карданд.