Ҷустуҷу
-
Jul 26, 2018
Субҳи имрӯз панҷшанбе 26-уми июл, Эмомалӣ Раҳмон барои боздид аз рафти корҳои сохту сози Роғун ба ин неругоҳи барқи обӣ рафт.
-
Jul 25, 2018
Додгоҳе дар Ню-Йорки Амрико дастури бозгардондани як асари бостонии марбут ба даврони ҳахоманиширо ба Эрон содир кард.
-
Jul 24, 2018
Эрони исломӣ ба хусус шаҳри Машҳади муқаддас дар шаби милоди имом Ризо (а), олими оли Муҳаммад (с) ғарқ дар нур ва шодӣ аст.
-
Jul 24, 2018
Вазири хориҷаи Туркия гуфт: Анкара ба дархости ҳайъати амрикоӣ дар бораи ҳамроҳии Туркия бо Амрико барои таҳрими Эрон посухи манфӣ дод.
-
Jul 24, 2018
Хабарнигори Ройтерс, ки дар бораи куштори мусулмонони Роҳингия таҳқиқ мекунад, дар ҷаласаи додгоҳи худ дар Мянмар полиси ин кишварро ба тавтеачинӣ барои боздошташ муттаҳам кард.
-
Jul 24, 2018
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки аз 1 сентябр ҳаҷми ҳамаи намуди нафақа дар кишвар 15 дарсад боло бардошта шавад.
-
Jul 24, 2018
Бо буҳронӣ шудани авзоъ дар навори Ғазза, комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид авзои навори Ғаззаро фоҷеабор баршумурд ва нисбат ба фурӯпошии он ҳушдор дод.
-
Jul 24, 2018
Вазири умури хориҷии Эрон шаби душанбе ба изҳороти тунди раисҷумҳури Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон посух дод.
-
Jul 24, 2018
Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, поин будани қимати барқ дар Тоҷикистон мӯҷиби зиёни ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мешавад ва бояд баҳои барқ афзоиш ёбад.
-
Jul 23, 2018
Бозгашти генерал Абдуррашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ба ин кишвар, бори дигар масъалаи ояндаи сиёсӣ ва парвандаи матраҳшуда алайҳи вайро дар маркази таваҷҷуҳи маҳофили сиёсӣ ва расонаии Афғонистон қарор додааст.
-
Jul 23, 2018
Бонки Ҷаҳонӣ аз зиёновар будани наздик ба ниме аз корхонаҳо ва ширкатҳои давлатӣ дар Тоҷикистон хабар дод.
-
Jul 22, 2018
Сухангуи Ашраф Ғанӣ эълом кард, ки ташрифоти вижае барои бозгашти генерал Дӯстум баргузор мешавад, аммо ниҳодҳои қазоии Афғонистон парвандаи ӯро ҳамчунон баррасӣ хоҳанд кард.
-
Jul 22, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон хитоб ба раисҷумҳури Амрико гуфт: Оқои Трамп! Бо думи шер бозӣ накун, посухи Эрон пушаймонкунанда аст.
-
Jul 21, 2018
Полиси Туркия эълом кард, ки ҳамсари вазири ҷанги ДИИШ дар ҷамъи афродест, ки рӯзи чаҳоруми июл дар Истанбул боздошт шудаанд.
-
Jul 21, 2018
Чаҳор марзбони қирғиз, ки рӯзи 20-уми июл дар марзи рустои Ворухи Исфара боздошт шуда буданд, озод ва ба кишвари худ бозгардонида шуданд.
-
Jul 21, 2018
Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бомдоди шанбе дар баёнияе бар ҳаққи дифоъ аз худ дар баробари таҷовузҳои режими саҳюнистӣ таъкид кард.
-
Jul 21, 2018
Раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон аз боздошти сарони 4 гурӯҳи қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир дар қаламрави ин кишвар ва Русия хабар дод.
-
Jul 21, 2018
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Jul 20, 2018
Созмони милал дар гузорише эълом кард, дар шаш моҳи гузашта беш аз 350 ғайринизомии афғон бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Амрико кушта ва ё маҷруҳ шудаанд.
-
Jul 20, 2018
Раиси Иттиҳодияи утоқҳои бозаргонӣ ва бурсҳои Туркия аз норизоятӣ ва мухолифати ин кишвар аз тасмими мақомоти Амрико барои бозгардондани дубораи таҳримҳо зидди Эрон хабар дод.