Ҷустуҷу
-
Jun 07, 2024
Алии Боқирӣ илова бар суханронӣ, бо вузарои умури хориҷаи ширкаткунанда дар нишасти Истанбул дар хусуси лузуми иқдоми мунсаҷиму ҳамоҳанги кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дидору гуфтугӯ мекунад.
-
Jun 06, 2024
Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон тасвиби қатъномаи зидди эронӣ дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомиро ба шиддат маҳкум кард ва онро ғайрисозандаву талоши бархе кишварҳои ғарбӣ барои сӯиистифодаи сиёсӣ аз созукорҳои байналмилалӣ алайҳи кишварҳои мустақил донист.
-
Jun 04, 2024
Сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар идомаи дидорҳои худ дар Лубнон бо Дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон дидор ва гуфтугӯ кард .
-
Май 11, 2024
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон тарҳи маҷлиси авоми Канада дар терраристии эълом кардани Сипоҳи посдоронро ҳаракатии нобахирадона , хасмона ва муғойир бо мавозин ва усули пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилал донисту гуфт: Сипоҳи посдорон парчамдори мубориза бо терраризм аст.
-
Apr 14, 2024
Дар пайи мавозеи ғайримасъулонаи бархе мақомоти се кишвари Британия, Фаронса ва Олмон дар қиболи посухи мутақобили Ҷумҳурии исломии Эрон ба иқдомоти режими саҳюнистӣ зидди атбоъ ва манофеи Эрон, сафирони ин кишварҳо дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуданд.
-
Apr 03, 2024
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба инки иқдомоти террористӣ, шикасти тармимнопазири Исроил дар “Тӯфони Ал Ақсо”-ро ҷуброн намекунад, таъкид кард: Теҳрон ҳаққи машрӯъи худро барои посухи қотеъ ба иқдоми террористии ҳамла ба сохтумони бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро маҳфӯз медонад.
-
Mar 29, 2024
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба манотиқе аз устони Ҳалаби Сурия, нақзи ошкори қавонину муқаррароти байналмилалӣ ва низ нақзи ҳокимияту тамомияти арзии ин кишвар ва таҳдиде ҷиддӣ зидди сулҳу амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
-
Jan 19, 2024
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе зимни маҳкум кардани иқдоми ғайриқобили пазириши Покистон дар ҳамла ба нуқтае дар марзи 2 кишвар эълом кард, ки ҳисоби давлати дӯсту бародари Покистон аз террористҳои мусаллаҳ ҷудост.
-
Dec 21, 2023
Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ ва муовини вазири умури хориҷаи Туркия дар бораи охирин вазъияти майдонӣ, сиёсӣ ва байналмилалии Сурия табодули назар карданд.
-
Oct 25, 2023
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниши ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ гуфт, ҳомиёни ин режим наметавонанд аз масъулияти худ дар қиболи ҷиноятҳои ҷангие, ки муртакиб мешавад, фирор кунанд.
-
Sep 22, 2023
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон аз гуфтугӯҳои созанда бо мақомоти кишварҳои мухталиф дар ҳошияи ҳафтоду ҳаштумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Ню-Йорк хабар дод.
-
Aug 08, 2023
Вазорати умури хориҷаи Эрон бар равшан шудани ҳодисаи террористии талху фаромӯшнашудании Мазори шариф ба унвони мутолибаи қатъӣ таъкид кард.
-
Jul 02, 2023
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба нооромиҳои ҷорӣ дар Фаронса дар пайи кушта шудани як ҷавони 17 сола тавассути неруҳои полиси ин кишвар дар Порис гуфт: Полиси Фаронса зимни хештандори ва парҳез аз хушунат хостаҳои муътаризонро мавриди тававҷҷуҳ қарор диҳанд.
-
Май 24, 2023
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия аз изҳороти масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо интиқод ва онро лағзиши фройдӣ хонд.
-
Май 19, 2023
Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, иҷро нашудани муоҳидаи 1972-и Ҳирманд байни Эрону Афғонистон дар хусуси рӯдхонаи Ҳирманд аз сӯи ҳукумати муваққати Толибон ва судури баёнияҳои сиёсӣ бидуни иқдоми амалӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.
-
Май 14, 2023
Сафири Ироқ дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
-
Apr 24, 2023
Вазорати хориҷаи Сурия дар баёние бо маҳкум кардани идомаи дуздии нафти ин кишвар тавассути ишғолгарони амрикоӣ, хостори хуруҷи низомиёни ин кишвар аз Сурия шуд.
-
Mar 12, 2023
Раисиҷумҳури Эрон дар дидор бо сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбакистон, тақвияти сиёсати ҳамгароӣ бо кишварҳои ҳамсояро аз рӯйкардҳои муҳимми давлати мардумӣ ва адолатгаро донист ва ба вазирони марбута дастури тасреъ дар раванди иҷроӣ шудани тавофуқоти ду раисиҷумҳур дар ҳавзаҳои фарҳанг ва иқтисод дод.
-
Feb 20, 2023
Муовини иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон дар ҳаштумин пешнишасти ҳамоиши миллии рушди соҳилҳои Макрон таъкид кард: Рушди каридурҳои иртиботи авлавияти аслии кишвар аст.
-
Feb 17, 2023
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт : Хабарсозӣ дар мавриди раҳбари Алқоъида ва иртибот додани он ба Эрон хандаовар аст .