Ҷустуҷу
-
Mar 16, 2020
Боғи ваҳши Кӯлоб дар фаъолияти 3солаи худ бо мушкилоти зиёде дар бахшҳои сомондиҳии ҳайвонот ва таъмини маводи ғизоии онҳо дорад.
-
Mar 09, 2020
Бар асари тасодуф дар Кулоб як духтари 12 сола кушта шуд.
-
Mar 03, 2020
Як нафар бо ҷаъли унвони устоди донишгоҳ дар Кулоб ба иттиҳоми дарёфти ришва дастгир шуд.
-
Dec 26, 2019
Яке аз сокинони шаҳри Кулоб ба иттиҳоми талош барои оташзадани дарахти арчаи солинавӣ боздошт шуд.
-
Sep 22, 2019
Мақомоти шаҳри Кулоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз мудирияти нашрияи мустақили Пайк хостаанд, ки дафтари иҷораии корашонро дар бинои Кумитаи варзишу ҷавонони Кулоби ин минтақа холӣ кунанд .
-
Sep 12, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Кӯлоб зимни сухронӣ ба муносибати бистуҳаштумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ба бархе аз пешрафтҳо ва мушкилоти ин шаҳр ишора кард.
-
Aug 13, 2019
Марги дилхароши як хоҳару бародаре дар рустои Пистамазори Кулоб бар асари масмумият хонаводаеро азодор кард.
-
Aug 07, 2019
Раисҷуҳури Тоҷикистон, ки барои ифтитоҳи чанд тарҳи омӯзишӣ ва гардишгарӣ ба ноҳияи Балҷувон дар минтақаи Кӯлоб сафар кардааст гуфт, ки бахши омӯзиш ва парвариши ин ноҳия ҳанӯз ҳам мушкилоти зиёде дорад.
-
Apr 13, 2019
Коргурӯҳи вижаи вилояти Хатлон дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб бо шиори муқобила бо тақлидкунандагон аз либоси бегона, занони дорои пӯшиши исломиро бозрасӣ кардааст.
-
Май 05, 2018
Пас аз 7 сол вақфа ҳаракати нахустин қатори мусофирбарии роҳи оҳан аз шаҳри Кулоби Тоҷикистон ба Маскав, пойтахти Русия аз сар гирифта шуд.
-
Apr 08, 2018
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки зарар дидани теъдоде аз хонаҳо дар заминларзаи 4 баллии ахир дар ноҳияи Балҷувон дар минтақаи Кӯлоб, нақзи муқаррароти сохту соз мебошад.
-
Oct 28, 2017
Як сарбози воҳиди низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, мустақар дар шаҳри Кӯлоб ба зиндагии худ поён дод.
-
Oct 23, 2017
Сокинони рустои Танёли ҷамоати Даҳана дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон бо беш аз ҳазор нафар ҷамъият, дар 20 соли ахир муваффақ ба сохти мактаби нав нашудаанд ва донишомӯзон ҳамчунон дар табақаи аввали як манзили маскунӣ дарс мехонанд.
-
Sep 13, 2017
Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) барои такмили тарҳи роҳи иртиботии Кӯлоб - Қалъаи Хумб, ки ҷануби Тоҷикистонро ба вилояти Бадахшон васл мекунад, ба ин кишвар 10 миллион доллар қарз ихтисос дод.
-
Sep 05, 2017
Додситонии шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон парвандаи 6 муттаҳами ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳрро ба додгоҳ ирсол кард.
-
Jul 20, 2017
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, ки роҳи мошингарди Душанбе- Кӯлоб- Хоруғ дар ҳафтаи оянда боз хоҳад шуд.
-
Май 23, 2017
Мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб токунун 6 нафарро ба иттиҳоми мушорикат дар ҳамла ба корманди идораи амнияти ин шаҳр боздошт кардаанд, ки ҳамаи онон аз аъзои гурӯҳи мамнуи Салафия ҳастанд.
-
Май 22, 2017
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Кулоб аз боздошти 4 фарди гумонбар дар ду ҳодисаи ҳамла ба кормандони амният ва пулиси ин шаҳр хабар доданд.
-
Май 14, 2017
Манобеи мустақил аз захмӣ шудани як корманди амнияти миллӣ ва як корманди идораи додситонӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон дар паи ду ҳамлаи ҷудогонаи шабонгоҳӣ хабар доданд.
-
Dec 20, 2016
Ширкати чинии "Чайна Роуд" марҳилаи дуввуми бозсозии роҳҳои дохилии шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлобро оғоз кард.