Ҷустуҷу
-
Май 22, 2022
Исои Зореъпӯр вазири иртиботот ва фановарии иттилооти ҷумҳӯрии исломии Эрон бо баёни ин, ки Эрон ҷузви 10 кишвари созанда ва партобгари моҳворааст таъкид кард, ки ин санъат барои Эрон иқтидор ва фановарӣ меоварад.
-
Май 22, 2022
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба иқдоми Амрико дар эҷоди бесобиқатарин таҳримҳо гуфт: Эрон дар ин шароит ба пешрафтҳои чашмгире даст ёфт .
-
Май 21, 2022
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Аз тариқи ҳуқуқи мавзуъи барқарории ҳаққобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирмандро пайгири мекунем то ҳаққобаи ин рудхонаи марзӣ, ки Эрон мустаҳақи он аст аз сӯи Афғонистон таъмин шавад.
-
Май 21, 2022
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар паёми, даргузашти донишманд ва шоири соҳибноми тоҷикро таслият гуфт.
-
Май 21, 2022
Ноибраиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Уммон аз афзоиши беш аз 60 дарсадии ҳаҷми содироти Эрон ба Уммон хабар дод.
-
Май 21, 2022
Вазорати саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон, аз рушди 52 дарсадии сармоягузории хориҷии мусавваб дар бахши саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон хабар дод.
-
Май 21, 2022
Намоишгоҳи саросарии саноеъи дастӣ, гилем, ҳасир ва дастбофтаҳои суннатӣ ҳачунин ҷашнвораи пӯхтани нони суннатӣ дар маҳали доимии намоишгоҳи байналмиллалии Язд бозгӯшои шуд.
-
Май 21, 2022
Тими футболи навҷавонони Эрон дар охирин дидори худ дар мусобиқоти CAFA-2022 бо пирӯзии пургол муқобили Тоҷикистон ба мақоми қаҳрамонӣ даст пайдо кард.
-
Май 21, 2022
Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷузви 10 кишвари ҷаҳон дар сохти моҳвора, партобгари бумӣ ва эҳдоси истгоҳи фазоӣ аст.
-
Май 21, 2022
Тами волейболи “Пайкони Теҳрон” дар дидори ниҳоии мусобиқоти волейболи қаҳрамонии Осиё бо бартарӣ баробари тими Ҷопон ба қаҳрамонии ин рақобатҳо даст ёфт.
-
Май 20, 2022
Раиси Идораи мероси фарҳангӣ, саноеъи дастӣ ва гардишгарии шаҳристони Хоф дар устони Хуросон Разавӣ гуфт, Усмони Муҳаммадпараст, устоди пешкисват ва дуторнавози маъруфи Эрон дар устони Хуросони Разавӣ дар синни 94 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.
-
Май 20, 2022
Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бо баёни ин ки тамоми ҷаҳон таҳти таъсири камбуди маводи ғизоӣ қарор гирифтааст, гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз талошҳои Созмони Милал дар расидагӣ ба мушкилоти марбут ба ноамнии ғизоӣ ҳимоят мекунад.
-
Май 20, 2022
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, дар 24 соати гузашта 9 бемори Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 141 ҳазору 253 нафар расид.
-
Май 20, 2022
Сухангӯи аршади Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, сафарҳои сарлашкар Боқирӣ бо унвони дипломатияи дифоӣ ва амниятӣ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла сафари ахир ба Тоҷикистон, дастоварҳои бисёр хубе дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ барои кишвари мо ва кишварҳои мақсад дорад.
-
Май 19, 2022
Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, сабри мардуми Эрон дар корзорӣ иқтисодии таҳримҳоро шоҳкор, падидаи истисноӣ ва улгӯи зебо барои ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон унвон кард.
-
Май 19, 2022
Сафири Эрон дар Афғонистон бар таҳкими равобит миёни дукишвар таъкид кард.
-
Май 19, 2022
Муовини аввали раиси ҷумҳӯри исломии Эрон аз оғози фасли ҷадиди ҳамкориҳои ҷумҳӯрии исломии Эрон бо кишварҳои африқоӣ аз ҷумла Ғано хабар дод.
-
Май 19, 2022
Бозафт дар шаҳристони Кӯҳранг аз тавобеъи устони Чаҳормаҳолу Бахтиёрии Эрон аст . Ин шаҳр дар муҳити сарсабз ва пур аз дарахтони балӯти Зогрус ҷой дорад . Муҳити Бозафт ба далели дастрасии душвор даст нахурда боқӣ мондааст .
-
Май 18, 2022
Муовини аввали раиси Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон дар садри ҳайате барои баррасии санади барномаи иҷрои гардишгарӣ ба Эрон сафар кард.
-
Май 18, 2022
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, талош барои афзоиши насл ва ҷавон шудани нерӯи инсонии кишвар ва чораҷўӣ барои наҷоти кишвар аз ояндае ҳавлноки пирии ҷамъиятро, сиёсате ҳаётӣ ва аз заруритарин фароиз донистанд.