Ҷустуҷу
-
Nov 24, 2016
24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи парчами миллӣ номгузорӣ шудааст.
-
Nov 24, 2016
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтои руси худ дар шаҳри Санкт-Петербург ҳодисаи ахири фавти ҳафт муҳоҷири тоҷикро дар Русия матраҳ кард.
-
Nov 24, 2016
Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ кард, дар соли 2017 нархи фақр дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.
-
Nov 24, 2016
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон эълом кардааст, ки то авохири моҳи ноябри имсол дар ин кишвар ба андозаи 85 дарсад аз барномаи давлатии пахта бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бештар мебошад.
-
Nov 24, 2016
Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон бо иҷрои як назарсанҷӣ аз фаъолони бахши хусусӣ, омилҳои рушд накардани тиҷорат дар ин кишварро мушаххас кардааст.
-
Nov 24, 2016
Сафири Амрико дар Душанбе дар бораи ҳушдор ба шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон, ки ду ҳафта қабл эълом шуда буд, акнун тавзеҳ додааст.
-
Nov 24, 2016
Давлати Русия созишномаи ҳамкории байнидавлатии гумрукӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистонро тасвиб кард.
-
Nov 23, 2016
Ширкаткунандагон дар ҳамоиши баррасии дурнмои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Душанбе бар аҳамияти пайвастани ин кишвар ба ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ барои коргарони муҳоҷир тоҷик таъкид кардаанд.
-
Nov 23, 2016
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон тайи як ёддошт аз ҷониби Русия талаб кардааст, ҳодисаи сӯхтор дар вилояти Тюмен, ки сабаби ҳалокати ҳафт муҳоҷири тоҷик шуд, воқеъбинона таҳқиқ намояд ва гунаҳкорон муҷозот шаванд.
-
Nov 23, 2016
Пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар нишасте дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки гузориши ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа ба ин мавзуъ ихтисос дорад.
-
Nov 23, 2016
Ҳукумати Тоҷикистон ба марги дилхароши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия расман вокуниш нишон дод.
-
Nov 23, 2016
Мақомоти амниятии Русия эълом карданд, 25 нафар аз 27 узви Созмони ифротии Ансоруллоҳ, ки рӯзи гузашта дар ин кишвар боздошт шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
-
Nov 23, 2016
Тоҷикистон аз ибтидои имсол ба Афғонистон ва Қирғизистон як миллиарду 350 миллион киловатт соат барқ содир кардааст.
-
Nov 22, 2016
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, лағви виза миёни кишвараш ва тоҷикистонро аз орзуҳои бароварда нашудаи худ унвон кард.
-
Nov 22, 2016
Комиссияи олии арзишёбии вобаста ба Вазорати омӯзиш ва улуми Русия, фаъолияти Шӯрои илмии Фарҳангистони тарбияти муаллими Тоҷикистонро дар заминаи дифои рисолаҳои докторӣ мутаваққиф кард.
-
Nov 22, 2016
Дурнамои узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар нишасте дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.
-
Nov 21, 2016
Намояндаи доими Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узви ин созмон даъват кард, то барои расидагӣ ба мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ ба Афғонистон бештар ҳамкорӣ кунанд.
-
Nov 21, 2016
Як пизишки фавқи тахассуси ҷарроҳии қалб дар Тоҷикистон гуфт, давлат бо костан аз шумори кормандоне, ки кори муфиде анҷом намедиҳанд, бахше аз ҳазинаи беморони қалбиро таъмин кунад.
-
Nov 21, 2016
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пайвастан ҳарчи сареътари кишварашро ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хостор шуд.
-
Nov 21, 2016
Мақоми парлумонии Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар ниёзе ба эътои мақоми давлатӣ ба забони русӣ вуҷуд надорад.